Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рукуди саросарии иқтисоди ҷаҳонӣ


Иқтисоди ҷаҳонӣ дар рӯ ба рӯи рукуд қарор дошта, аз эҳтимол дур нест, ки соли 2008 рушди иқтисоди саросарӣ ба 1,8% баробар шавад.

Ин аст тахмини СММ, ки дар гузориши нимсолаи иқтисоддонҳои ин муассисаи байналмилалӣ ба табъ расид. Дар гузориши СММ ҳамчунин омадааст, ки зоҳиран сустшавии суръати рушд дар соли 2009 низ идома меёбад ва каме бештар соли равон, яъне ба 2,1% мусовӣ хоҳад шуд. Ҷоb ёдоварист, ки соли 2007 афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба 3,8% баробар будааст.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, сарчашмаи суcтшавии рушди иқтисодӣ бӯҳрони қарзи хона дар ИМА ва нооромии бахши молӣ аст, ки то як соли дигар тағйири бузургеро аз сар нахоҳад гузаронд. Ба ақидаи СММ, ин вазъ суръати рушди кишварҳои рӯ ба тараққиро ҳам заиф мекунад ва аз ин рӯ, рушди ин кишварҳо соли равон ба 5% ва соли оянда ба 4,8% мусовӣ хоҳад шуд. Соли 2007 афзоиши иқтисоди кишварҳои рӯ ба тараққӣ ба 7,3% расида буд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки афзоиш баробар бо 1,8% иқтисоди ҷаҳонӣ тахминист ва агар вазъ боз ҳам номусоидтар гардад, афзоиш метавонад то 0,8% поин шавад.

Дар гузориши СММ гуфта мешавад, ки бӯҳрони қарзи хона дар ИМА рӯи кишварҳои дар ҳоли рушд таъсири бештар гузошт. СММ ҳамчунон мегӯяд, агар ИМА сиёсати оқилонаи моливу пулиро ихтиёр намояд, афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ то охири соли равон метавонад то 2,8% боло равад.

Бахши иқтисод ва иҷтимоиёти СММ, ки гузориши афзоиши иқтисоди ҷаҳонро таҳия кардааст, мегӯяд, худи ИМА имсол бо коҳиши 0,2% иқтисод мувоҷеҳ хоҳад шуд ва соли оянда бошад, афзоиши иқтисодии ин кишвар 0,2-ро ташкил медиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2007 рушди иқтисоди ИМА 2,2%-ро ташкил дода буд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки имсол афзоиши иқтисоди дигар кишварҳои пешрафти олам низ ба қадри назаррас коҳиш меёбад. Илова бар он дар гузориш омадааст, ки соли 2008 таваррум ва ё инфлятсияи саросарӣ ба 3,7% баробар хоҳад шуд ва омилҳои калидии афзоиши таваррум болоравии нархи ашёи хом ва маводи сӯхт аст, ки бо афзоиши маошҳо ҳамзамон ба вуқӯъ мепайвандад.

XS
SM
MD
LG