Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давлати Мянмар гуфт, тӯфони фалокатбори ибтидои моҳи равон ҳаёти наздик ба 78 000 нафарро аз байн бурд.

Як рӯз пеш ҳукумати низомии Мянмар шумораи қурбониҳоро тахминан ду баробар камтар нишон дода буд. Акнун мақомоти Мянмар шумораи мардуми бе ному нишон шударо ҳам афзоиш дода, мегӯянд, ки сарнавишти 56 000 нафар маълум нест.

Федератсияи Байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар изҳор намуда буд, ки шумораи қурбониҳои тӯфони Наргис дар Мянмар ба 128 000 нафар расида метавонад. СММ низ тахмин мекунад, ки шумораи қурбониҳо беш аз 100 000 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Бритониё Гордон Браун ҳукумати Мянмарро ба "муносиботи ғайриинсонӣ нисбат ба мардуми хеш" муттаҳам кард. Сарвазири Бритониё гуфт, ки ҳукумати Мянмар на худ тавонист дар мавриди наҷоти офатзадагон чорае биандешад ва на дигаронро имкон дод, то мардумро аз офат наҷот бидиҳанд.

Бо вуҷуди ин, ҳукумати Мянмар ҳанӯз ҳам хориҷиёнро ба кишвар роҳ намедиҳад ва тлош дорад, то ба манотиқи офат пойи хориҷиён ва журналистон нарасад.

XS
SM
MD
LG