Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Маскав 4 тан аз созмондиҳандагони инфиҷор дар бозори Черкизови шаҳрро бо итиҳоми “терроризм”, “ташкили гурӯҳи ҷиноӣ” ва “таҳияву нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва маводди мунфаҷира” ба ҳабси абад маҳкум кард.

Миёни онҳо раҳбари гурӯҳи миллатгарои “Спас” Николай Королёв низ ҳаст, ки дар ҷараёни мурофиъа ҷиноёташро ба гардан гирифт. Муттаҳамини дигари ин гурӯҳ ба муҳлатҳои аз 13 то 20 сол равонаи зиндон шуданд. Дар мурофиъаи додгоҳӣ исбот шуд, ки миллатгароёни рус дар ташкили 8 инфиҷор даст доранд ва пурқурбонитарини онҳо таркиш дар бозори «Черкизово»-и Маскав буд, ки бар асари ин ҳодиса 14 нафар ба ҳалокат расида 47 нафар маҷруҳ шуданд. Миёни қурбониён ва маҷруҳон шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд.
Муҷримон – аъзои гурӯҳи миллатгароёни “Спас” – аксаран донишҷӯёни макотиби олии Маскав буда, пайваста ба латукӯб ва куштори шаҳрвандони Осиёи марказӣ ва Қафқоз машғул будаанд. Яке аз онҳо – Никита Сенюков – дар ҳамин мурофиъа дар қатли донишҷӯи арман Виген Абрамянс дар истгоҳи метрои “Пушкинская” муттаҳам шуд ва акнун 13 соли умрашро дар чаҳордевори маҳбас сипарӣ хоҳад кард.
Тазоҳуроти миллатгароёни рус дар шаҳри Калиниград (Федеросюни Русия)
Дмитрий Бахарев, вакили дифоъи раҳбари гурӯҳи “Спас” Н. Королёв, дар суҳбат бо хабарнигорон ҳукми додгоҳро “дур аз адолат” номид. Ӯ қазияи забти бемористони шаҳри Будёновск аз сӯи мусаллаҳони чеченро намуна овард ва гуфт, ки дар ин ҳодиса 148 нафар ба ҳалокат расиданд ва аммо додгоҳ мусаллаҳони дар ин амали террористӣ дастдоштаро барои 13 ва 16 сол равонаи зиндон карду халос.
Ва аммо коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ба ҳукми абад маҳкум шудани фаъъолони гурӯҳи фошистии “Спас”-ро «тантанаи адолат” мехонанд ва мегӯянд, ки бори аввал додгоҳ миллатгароҳои қотилро сазовор муҷозот кардааст.
Дар ҳамин ҳол Александр Верховский, раҳбари маркази хабариву таҳлилиии “Сова” (Маскав) муборизаи феълии мақомоти Русия бо ҷиноётеро, ки дар пояи адовати қавмиву мазҳабӣ сурат мегиранд, нокофӣ мехонад. Аз нигоҳи ӯ, ҳатто қазияи таркиш дар ин бозорро низ наметавон тамомшуда хонд: “Ҳодисаи тарконидани бозор он қадар возеҳ буд, ки ин ҷо сабуктар кардани ҳукмро наметавон интизор буд. Ва тафтиши ин ҳодиса бояд идома ёбад, зеро дар пушти ин афрод касони дигар низ ҳастанд – ман таҳиягарони пасипардагии ҷиноятро дар назар надорам, манзурам, ин гуна гурӯҳ дар танҳоӣ амал намекунад, афроде ҳастанд, ки бо он робита доранд, клубҳои ҳарбиву варзишии онҳо ҳастанд, аз ҷумла, “Спас”, ки аз он ёдовар шуданд ва бояд ин ҳама жарф тафтиш карда шавад”.
Сархамӣ дар додгоҳ ба ин чаҳор тан акнун суд нахоҳад дошт
А. Верховский меафзояд, дар ҳоле, ки ҳодисаҳои марбут ба куштору латукӯб дар пояи нафрати қавмӣ афзоиш ёфта, қариб ҳар рӯз аз ин аъмоли ғайрибашарии скинҳедҳо ва миллатгароҳои рус хабар мерасад, таййи ду соли ахир мурофиъаҳои муттаҳамон дар бегонаситезӣ коҳиш ёфтааст: “Аз соли 2004 то соли 2006-ум ҳамасола теъдоди ҳукмҳо оид ба ҷиноёти марбут ба зӯроварӣ дар пояи нафрати қавмӣ афзоиш меёфт, аммо солҳои ахир ин раванд кунд шудааст: мисол, соли 2006 дар маҷмӯъ 33 ҳамин гуна ҳукм содир шуд, соли 2007-ум бошад – ҳамагӣ 24 ҳукм. Ин хеле нигаронкунанда аст, зеро теъдоди ҷиноятҳо дар ин солҳо кам нашуда, балки баръакс афзоиш ёфтааст”.
Ин ҳама дар ҳолатест, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки чун қабл додгоҳҳои Русия бештари парвандаҳои марбут ба куштори афроди ғайрирусро ҳамоно аз рӯи далели авбошӣ бозрасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG