Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги лафзии Саудия ва Эрон рӯи Лубнон


Арабистони Саудӣ дар як изҳорот Эронро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Лубнон муттаҳам кард ва Теҳрон ин иттиҳомро башиддат рад намуд.

Ҷанги лафзӣ, ки дафъатан ба дунболи даргириҳои хиёбонӣ дар Лубнон сар задааст, баёнгари афзоиши шубҳаи Риёз ва дигар давлатҳои Ховари Миёна аст, ки Эрон нуфузи худро дар минтақа аз ҳисоби онҳо густариш медиҳад.

Сауд ал-Файсал, вазири умури берунаи Арабистони Саудӣ, рӯзи 13 май дар Риёз ба хабарнигорон гуфт, Эрон аз рӯйдодҳои асафбори Лубнон пуштибонӣ мекунад ва дар пайи як табаддулот аст. Вай афзуд, табъан ин амал ба равобити Эрон бо кишварҳои араб ва ҳатто ҳамаи ҷаҳони ислом таъсир хоҳад дошт.

Изҳороти Саудия дар ҳоле садо дод, ки сарвазири Лубнон Фуъод Синиора гуфтааст, мусаллаҳони шиъаи Ҳизбуллоҳ ва ҳампаймонони онҳо аз ситезаҷӯёни гурӯҳи "Амал" кӯшидаанд, ӯро сарнагун кунанд. Эрон ба айбгузориҳои Риёз посухи шадид дод. Президент Маҳмуди Аҳмаднажод рӯзи сешанбе гуфт, кишвараш ягона давлатест, ки дар умури Лубнон дахолат надоштааст. "Бояд дид сафирони кӣ аз Лубнон фирор карданд."

Ишораи фирори сафир ба дипломати аршади саудӣ пайванд дорад, ки бо оғози даргириҳо дар Бейрут рӯзи шашуми май шаҳрро тарк кард. Аҳмаднажод масъулияти даргириҳои Ҳизбуллоҳ ва тарафдорони ҳукумати умдатан суннимазҳаби Лубнонро бар дӯши Иёлоти Муттаҳида ва Исроил гузошт. Дар як ҳафтаи хушунатҳо дар Лубнон наздик ба 65 нафар кушта шуд ва ин сахттарин даргириҳо аз замони ҷанги 15-солаи шаҳрвандӣ дар соли 1990 буд.

Ҷангҳо замоне сар шуд, ки ҳукумат хост, шабакаи хусусии телефонии Ҳизбуллоҳро қатъ кунад. Шибҳинизомиёни шиъа дар ҷавоб ба минтақаи суннинишини ғарби Бейрут ҳамла карданд, ки бошандагонаш аз ҳукумати Синиора пуштибонӣ мекунанд.

Изҳороти Риёз зидди Теҳрон аломати афзоиши рӯёрӯии кишварҳои араби суннӣ бо Эрони шиъамазҳаб аст, ки пеш аз рӯйдодҳои ахири Лубнон зимни хушунатҳои Ироқ ҳамин гуна буруз карда буд. Аммо изҳороти Саудия аз лиҳози лаҳни он шадидтарин бархӯрд бо Эрон аз замони сардии равобит дар давом ҷанги ҳаштсоли Ироқу Эрон мебошад.

Ин ҷангро дар солҳои 1980 то 1988 бисёре аз пойтахтҳои араб муборизаи минтақаии қудрат бо Теҳрон мешумурданд. Кишварҳои араб ҳамчунини бо Сурия равобити сард доранд ва ин ҷо ҳам иллат коршарикии Димишқ бо Теҳрон аст. Ин кишварҳо фикр мекунанд, ки Сурия ва Эрон хостори як ҳукумати дастнишондаи худ дар Лубнонанд.

Ташаннуҷ дар Лубнон зоҳиран кишварҳои арабро бо мавзеъгирии Амрико наздиктар хоҳад кард, ки Теҳронро таҳдиде ба суботи Ховари Миёна мешуморад. Ба эҳтимоли зиёд, президент Буш дар сафари навбатияш ба минтақа бори дигар Эронро як таҳдиди ҷиддӣ ба сулҳ хоҳад номид. Иёлоти Муттаҳида аз барномаи ҳастаии Эрон ва пуштибонии Теҳрон аз Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос нигарон аст. Вошингтон ин гурӯҳҳоро ба номгӯйи созмонҳои террористӣ шомил кардааст.

Рӯзномаи "Ню Йорк Таймс" дар баррасии вазъи феълӣ навишт, Эрон ҳоло дар мавқеъест, ки посухи ҳама гуна ҳамла ба иншооти ҳастаияшро ҳампаймонҳояш дар ҷабҳаҳои Лубнон, Фаластин ва Ироқ хоҳанд дод. Рӯзномаи "Кайҳон"-и чопи Теҳрон ҷавоб дод, дар муборизаи нуфузи Ховари Миёна танҳо ду тараф мавҷуд аст, Эрон ва Иёлоти Муттаҳида.
XS
SM
MD
LG