Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар марги 78000 нафарро тасдиқ кард


Телевизиони давлатии Мянмар гузориш медиҳад, ки тӯфони фалокатбори ибтидои моҳи равон ҳаёти наздик ба 78 000 нафарро аз байн бурд. Як рӯз пеш ҳукумати низомии Мянмар шумораи қурбониҳоро тахминан ду баробар камтар нишон дода буд. Акнун мақомоти Мянмар шумораи мардуми бе ному нишон шударо ҳам афзоиш дода, мегӯянд, ки сарнавишти 56 000 нафар маълум нест. Федератсияи Байналмилалии Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар рӯзи чоршанбе изҳор намуда буд, ки шумораи қурбониҳои тӯфони Наргис дар Мянмар ба 128 000 нафар расида метавонад. СММ низ тахмин мекунад, ки шумораи қурбониҳо беш аз 100 000 нафарро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG