Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин президиуми ҳукумати Русияро ташкил кард


Сарвазири Русия Владимир Путин президиуми ҳукумати ин кишварро таъсис дод, ки ҳафтае як дафъа вомехӯрад. Ин ниҳод шабеҳи чорчӯбест, ки Путин ҳангоми раёсатҷумҳуриаш истифода мебурд. Рӯзи панҷшанбе Путин гуфт, ин ниҳод кори ҳукуматро муассир мекунад. Дар президиуми ҳукумат бар иловаи Путин ду муовини аввал ва панҷ муовини сарвазир ҳамроҳ бо ҳафт вазири калидии ҳукумат шомил шудаанд. Аз ҷумла вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии Русия, ки тибқи қонуни асосии ин кишвар мустақиман тобеи президент мебошанд, узви президиуми ҳукумат шудаанд.
Аз рӯи назария муттафиқи наздики Путин президенти Русия Дмитрий Медведев низ ҳақ дорад, дар ҷаласаҳои президиуми ҳукумати Русия иштирок кунад.
Вале сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфт, ки Медведев ин корро нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG