Пайвандҳои дастрасӣ

Украинаро ба узвияти WTO пазируфтанд


Сар аз имрӯз Украина расман узви 152-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ( WTO) шуд. Гуфтушуниди қабули Украина 14 сол давом дошт ва дар ин давра мақомоти Киев ислоҳоти иқтисодиву сохториро пиёда намуда, бо қабули беш аз 50 санад қонунгузории ин кишварро ба меъёрҳои Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мутобиқ намуданд.
Президенти Украина Виктор Юшенко протоколи вуруди ин кишварро моҳи апрел имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG