Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирати корӣ манбаъи аслии нигаҳдорӣ ва таъмини хонаводаҳо, вале ҳамзамон яке аз омилҳои азҳампошии онҳо низ маҳсуб мегардад.

Чунин нуқтаи назарро мақомот, коршиносон ва худи муҳоҷирони кории минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон иброз медоранд.

Бар асоси омори расмию ғайрирасмӣ, феълан ҳудуди як миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ, дар хориҷ аз кишвар, ба сар мебаранд, аммо дар дохили кишвар ҳанўз як миллион ҷойи корӣ вуҷуд надорад. Дар соли гузашта танҳо аз тариқи бонкҳо беш аз 1 миллиарду 200 миллион доллари муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон интиқол дода шуд, ки ба қавли мақомот, маболиғи таҳвилёфта ҳарчанд ба афзоиши қимати маводди ниёзи аввалия ва амволи ғайриманқул боис шуд, аммо ҳамзамон ба зисту зиндагии хонаводаҳо беҳбуд бахшид. Ҳамакнун бо расидани мавсими гармо сокинони қобили кори устони Хатлон дигарбора роҳ ба сўйи Русия пеш мегиранд, то барои таъмини хонаводаи худ пайса кор бикунанд.

Асадулло Маҳмудов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Магнитогорски Русия, мегўяд, тайи наздик ба 10 соли ахир дар муҳоҷирати корист ва адами кафолатҳои иҷтимоӣ, набуди ҷойҳои мувофиқи кор ва гаронии нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистон наметавонад садҳо ҳазор мардикорони тоҷикро ба ватан баргардонад:

«Бисёр шак дорам, ки дар даҳсолаи наздик муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан доиман баргарданд. Мо илоҷе надорем, ҷуз муҳоҷирати корӣ. Бо 120-150 сомонӣ маоше, ки дар Тоҷикистон аст, зиндагӣ пеш бурда намешавад, бо ин нарху навое, ки ҳаст. Ин нарху навои бозори Қўрғонтеппа болотар аст аз Русия. Ҳамзамон мушкили дигар ин аст, ки баъзе аз муҳоҷирони кории тоҷик бо дидани рўзгори беҳтар дар Русия, бо хонумҳои рус издивоҷ кардаву аз оилаҳои авали худ рў метобанд, зимнан, оилаҳояшон вайрон ва фарзандон ҳам дур аз падар мемонанд…»

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ мегўянд, маҳз муҳоҷирати корӣ як иллати аслии афзоиши мавориди азҳампошии оилаҳои тоҷик маҳсуб мегардад, ба ин маънӣ, ки ҷавонон барои моҳҳо ва солҳо мардикорӣ мераванд, зимнан бахше аз онҳо дар маҳалли корашон оилаҳои дигар барпо карда ва бинобар ба сардӣ гароидани муносибатҳои хонаводаӣ, тангдастию мушкили молӣ оилаҳои аввалашон барҳам мехўрад.

Аммо масъулини идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мегўянд, дар зарфи чаҳор моҳи имсол дар устони Хатлон 262 хонавода аз ҳам ҷудо, аммо наздик ба 14 ҳазор хонаводаи нав ташкил шудааст. Вале ба эътиқоди соҳибназарон, азбаски ҷойҳои корӣ дар ҷануби кишвар ангуштшумор аст, ба эҳтимоли қавӣ, аксар аз саробонони хонаводаҳои ҷавон, водор ба муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини идораи шуғли аҳолии Хатлон мегўяд, наздик ба 3 ҳазор нафарро дар қаламрави Хатлон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда ва дар садади таъсиси бозорҳои расмии мардикорон ҳастанд. Ба эътиқоди мақомот, дар сурати таъсиси бозорҳои расмии мардикорон мизони муҳоҷирати корӣ ба хориҷ аз кишвар коҳиш ёфта, ҷавонон дар дохили кишвар соҳиби кор хоҳанд шуд. Яъне ҳамон мардикорӣ, ҳамон шуғли сангину сиёҳ, аммо дар Ватан, дар назди хонаводаи худ.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG