Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Чин аз макони фоҷеа зиёрат кард


Президенти Чин Ҳу Ҷинтао ба вилояти Сичуани ин кишвар сафар кард, то бо аҳволи мардуми аз зилзила осебдида ошно шуда, рафти амалиёти наҷот дар ин минтақаро назорат кунад.
Ба навиштаи хабаргузории Синҳуа Ҳу субҳи ҷумъа вориди Мянянг шуд. Қарор аст ӯ бо бархе аз 130000 сарбози шарик дар амалиёти наҷот мулоқот намояд. Субҳи рӯзи ҷумъа мақомоти Чин марги 19509 нафарро тасдиқ намуда, афзуданд, ки шояд шумораи ниҳоии қурбониҳои аз заминларзаи рӯзи душанбе ду баробар бештар бошад.
XS
SM
MD
LG