Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиби афғон бо нарко-терроризм муттаҳам мешавад


Узви ҷумбиши Толибони Афғонистон бо номи Хон Муҳаммад дар қаламрави ИМА бо нарко-терроризм ё худ даҳшатафкании марбут бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Вазорати адлияи ИМА ин айбномаро бар пояи қонуни ватандӯстии ИМА эълон кард. Ба гуфти мансабдорони амрикоӣ Муҳаммад бар асоси иттилои як шоҳиди таҳқиқот аз тарафи идораи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ИМА дастгир шуд. Агар дар моҳи октябр додгоҳ ҷурми Муҳаммадро собит кунад, ин сокини вилояти Нангарҳори Афғонистонро 20 соли зиндон ва ё ҳабси ҳаётӣ интизор аст.
XS
SM
MD
LG