Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар ҳуҷраи сафири Бритониё


Гремм Лотен ҳини боздид аз минтақаи Кулоб
Гремм Лотен ҳини боздид аз минтақаи Кулоб

Шаби панҷшанбе 15-уми май дар манзили зисти Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, дар як меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб сӯхтор ба амал омад.

Субҳи ҷумъа оғои Лотен ба хабарнигори радиои Озодӣ дар Кӯлоб аз саломатии худ хабар дода, гуфт, вақте ки садои таркиш баланд шуд, вай мехобидааст ва гумон кардааст, чӣ амале алайҳи ӯ сурат гирифта, аммо пас аз чанд лаҳза маълум гаштааст, ки ин садо бар асари сӯхтани кондисионери утоқи зисти сафир аз фарсудагии сими барқ баланд шудааст. Ва агар ӯ зуд аз ин ҳодиса огоҳ намешудааст, имкон доштааст, ки дар ҳуҷра сӯхтор ба амал ояд.

Сафири Бритониё гуфтааст, аз рух додани ин оташсӯзӣ сахт тарсидааст, вале саломат аст. Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, таи як сафари корӣ чанд рӯз аст, ки дар Кӯлоб мебошад.

XS
SM
MD
LG