Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лубнониҳо барои рафъи буҳрон мулоқот мекунанд


Қарор аст имруз раҳбарони ба ҳам рақиби Лубнон дар Қатар бо ҳам мулоқот кунанд. Аз як тараф раҳбарони расмии Лубнон, ки аз ҷониби Амрико ҳимоят мешаванд ва аз тарафи дигар намояндагони Ҳизбуллоҳ барои ҷустуҷуи роҳҳои ҳалли муноқишаи Лубнон бо ҳам гуфтугу мекунанд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо Лубнон 18 моҳ бидуни ҳукумат монд ва аз моҳи ноябр ба ин су ин кишвар раиси ҷумҳур надорад. Дар натиҷаи миёнҷигарии ҳайате аз Ҷомеъаи Кишварҳои Арабӣ задухурдҳо миёни ҷонибдорони эътилофи ҳукуматӣ ва размандагони Ҳизбуллоҳ, ки Ирон аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад, қатъ шудааст. Мулоқоти ҷонибҳо яке аз шартҳои тавофуқоти ба даст омада бо ҳайати Ҷомеъаи Кишварҳои Арабист.
XS
SM
MD
LG