Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Косово шаш қочоқгари инсон боздошт шуд


Дар Косово шаш нафар, ба шумули як афсари пулис, ба эҳтимоли даст доштан дар одамрубоӣ боздошт шудаанд. Пулис дар эъломияе гуфтааст, ин шаш нафар дар ҷараёни амалиёти ҷудогона дар Приштина-пойтахти Косово ва дар ду вилояти дигари ҷануби шарқи Косово боздошт шудаанд. Дар ҷараёни амалиёт пулис даҳҳо адад асноди ҷаълии хусусӣ ва таҷҳизот ба даст овардааст, ки дар миёни онҳо муҳри дуруғини раҳбари намояндагии СММ дар Косово низ ҳаст. Ин амалиёт барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон, ба вижа аз кишварҳои осиёӣ ба Аврупо, анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG