Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари мухолифони Белорус озодӣ аз зиндонро рад кард


Александр Казулин-раҳбари мухолифони давлати Белорус дар номае пешниҳоди ҷониби давлатро рад кардааст. Ҷониби давлат гуфтааст, агар вай кишварро тарк кунад, вайро аз зиндон раҳо мекунанд. Александр Казулин дар ин бора номаеро аз зиндон тавассути бастагонаш ба матбуъот расондааст. Дар ин нома Казулин гуфтааст, пазируфтани чунин пешниҳод маънои "ба зону даромадан" дар назди президент Александр Лукашенкоро дорад. Оқои Казулин соли 2006 дар ҷараёни тазоҳуроти эхътирозӣ бар зидди наҳваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус зиндонӣ шуда буд. Вай панҷуним сол ба зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG