Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯсрабоӣ дар Русия: урф ё ҷиноят?


Ҳангоми дуздидани "арӯс"-он мошинҳоро аслан чунин оро намедиҳанд
Ҳангоми дуздидани "арӯс"-он мошинҳоро аслан чунин оро намедиҳанд

Арӯсрабоӣ, ки сужаи “Асираи қафқозӣ”, аз маъруфтарин филмҳои мазҳакавии шӯравӣ, ки бар пояи ҳамин анъанаи маъмул дар минтақаи Қафқоз сохта шудааст, дар қаламрави ҷумҳуриҳои қафқозии шимолии Русия дубора “мӯд” мешавад.

Бисёре аз мардум ва ҳатто мақомот дар ин ҷамоҳир арӯсрабоиро аз анъанаҳои қадимаи миллии худ медонанд ва бар инанд, ки дар аксари маворид арӯсро бо ризояти худи ӯ мерабоянд. Масалан, дар ҳолате, ки ҷавонмарду духтар ҳамдигарро дӯст медоранд, вале волидайн ба издивоҷи онҳо мухолифанд. Аммо мавридҳое ҳам ҳаст, ки ҷавонмард аз забони духтар ҳарфи радд шунида, ба хотири ба даст овардани дӯстдоштааш илоҷе ба ҷуз аз рабудани ӯ намебинад.
Вале, агар дар ибтидо мақомоти маҳаллӣ дар Қафқоз ба мавридҳои арӯсрабоӣ аз паси панҷа менигаристанд, густариши ин анъана дар солҳои ахир ва афзоиши шикоёти духтарони норозӣ ва волидайни онҳо ба ниҳодҳои интизомӣ боис шудааст, ки ин мақомот акнун дар фикри пайдо кардани роҳҳои ҷилавгирӣ аз густариши бештари мавриди арӯсрабоӣ, ба хусус мавридҳое шавад, ки арӯсро иҷборан ва алорағми хоҳишаш мерабоянд.
Мадина Корсегенова, як духтари черкесӣ, ки низ ҳадафи арӯсрабоён қарор гирифтааст, ҳодисаи рабуда шуданашро ба Радиои Озодӣ чунин тасвир кард: “Вай маро аз хонаам дуздид. Дуздид ва ба манзили худаш бурд. Ман гуфтамаш, ки бо вай нахоҳам монд. Вай ба розӣ кунондани ман оғоз кард. Ман ягон як ё якуним соат дар манзили онҳо будам. Онҳо мунтазири падарашон буданд, ки маро тамоман дар онҷо нигоҳ дорад. Маро сар додан намехостанд. Мегуфтанд, ки батадриҷ одат мекунӣ ва ҳатто хушат хоҳад омад. Ҳар қадар, ки ман неву нестон мекардам, ӯ ҳамон қадар бештар исрор мекард. Мегуфт, ки ман туро гаштаву баргашта хоҳам рабуд, то он даме ки розӣ шавӣ. Ман чунон метарсидам, ки тақрибан 2 моҳ аз хона боре ҳам беҳуда берун нарафтам”.
Мадина, ба ҳар ҳол, тавонистааст худро аз чанги рабояндагон раҳо кунад ва ба хона баргардад. Вале дар бештари ҳолот, духтари рабудашуда аз тарси шармандагӣ ва гапи мардум маҷбур мешаванд, бо нафаре, ки ӯро рабудааст, издивоҷ кунад. Ҳатто, агар ин мардро нашиносад ҳам. Чи ҷойи суҳбат аз дӯст доштан ё надоштан/

Як омори дақиқе, ки чанд нафар дар сол дар ҷумҳуриҳои Қафқози шимолии Русия туъмаи арӯсрабоӣ мешаванд, албатта, вуҷуд надорад, вале танҳо дар Доғистон дар як соли гузашта ба додситонӣ 55 шикояти расмӣ шудааст. Бар асоси ин шикоятҳо 17 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, танҳо 3 парвандаи он то ба додгоҳ расидааст.
Аммо мавориди ба маротиб бештари арӯсрабоиҳо маъмулан берун аз омор мемонанд. Кам касе аз духтарони рабудашуда ва ё волидайни онҳо ҷуръат мекунад, ки расман ба додситонӣ ва ё идораи милиса шикоят бурда, обрӯи худ ва хонаводаашонро дар ҷомиъаҳои умдатан суннатии Қафқози шимолӣ таҳти шуъо қарор диҳанд.
Ин аст, ки дар соли ҷорӣ дар Русия танҳо як нафар бо иттиҳоми мушорикат дар арӯсрабоӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Додгоҳ Галина Самойловаро дар маҷбур кардани як духтари чаҳордаҳсола ба издивоҷ бо фарзанди ӯ муҷрим шинохта, барои 14 сол равонаи маҳбасаш кардааст.
Аз сӯи дигар, қонунҳои Русия низ арӯсрабоиро ба сари худ ҷинояти сангин эътироф намекунанд. Ва, агар ҷавонмард арӯсро ба хонаводааш пас гардонад, аслан аз масъулият маъоф мешавад. Аммо барои духтаре, ки ҳадди ақалл як шаб дар хонаи рабояндааш мондааст, тақрибан интихоби дигаре ба ҷуз аз издивоҷ бо ин рабоянда намемонад.
Порлумони Ингушистон ахиран аз Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия хост, то арӯсрабоиро дар қонуни ҷиноии Русия як банди алоҳида кунад. Бар асоси ин пешниҳод, мебоист барои арӯсрабоӣ то 3 сол ҳукми зиндон таъйин мешуд. Аммо Думаи давлатии Русия ба баҳси мавзӯъ пардохта, пешниҳоди порлумони Ингушистонро ба ин далел, ки хилофи қонуни баробарии ҷинсҳост ва набояд барои рабудани зан як ҷазову барои рабудани мард ҷазои дигар муқаррар шавад, радд кард.
Дар чунин шароити адами масъулият кор ба ҷое расида, ки рабояндагон ҳатто саҳнаи арӯсрабоии худро ба навор гирифта, тавассути Интернет, аз ҷумла дар сомонаи маъруфи «Youtube», ба маърази намоиш мегузоранд.
Дар чунин шароит мақомоти ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ рӯ ба рӯҳониён овардаанд, ки бо истифода аз нуфузи худ ва бар пояи талаботи шариъат пеши роҳи чунин корро бигиранд. Муфтии Чеченистон Султон Мирзоев гуфтааст, ки рӯҳониёни чечен дар андешаи роҳандозии як маъракаи густарда алайҳи арӯсрабоиянд. Муфтӣ ин одатро мухолифи Қуръону шариъат хонда, гуфтааст, ки арӯсрабоӣ дар Ислом ҳамчун гуноҳи кабира маҳкум мешавад.

Ясроил Ҳоҷӣ, як рӯҳонии маъруфи чеченӣ, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ арӯсрабоиро маҳкум кард ва гуфт: “Арӯсрабоиро Аллоҳ амали ҳаром ҳукм кардааст. Ин амалро шариъат низ ҷиноят медонад. Пеши роҳи онро бояд гирифт. Волидайн фарзандони худро барои он ба воя намерасонанд, ки рӯзе як нафар ба мисли ҳайвон рабоядашон. Аз ин рӯ, бояд пеши роҳи инро гирифт”.
Ҳасан Алиев, муовини муфтии Доғистон, як ҷумҳурии дигари Қафқози шимолии Русия, низ арӯсрабоиро як одати зиддиисломӣ мехонад ва мегӯяд: “Дуздидани зан, паст задани шарафи зан ва паст задани номуси зан ҳаром аст ва инро на Қуръон ва на суннатҳои пайғамбар Муҳаммад иҷозат намедиҳанд”.
Аммо рӯзгори ҷомиъаҳои умдатан мусалмонии ҷумҳуриҳои Қафқози шимолӣ бар пояи ду асл – шариъат ва одат – бино шудаанд. Ва дар ҳоле ки шариъат арӯсрабоиро ҳаром ҳукм мекунад, дар урфи мардуми Қафқоз ин амал бештар ҳамчун як анъанаи қадимаи миллӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамин маврид Руслан Сафарбеков, мардумшиноси доғистонӣ, мегӯяд, арӯсрабоӣ бахусус дар байни чеченҳо ва кабардинҳо зиёд роиҷ аст ва тақрибан ба як ҷузъи ҳатмии маросими арӯсии ин мардумон табдил ёфтааст. Вале, мегӯяд Сафарбеков, ин анъана одатан бо ризояти ҳам арӯс ва ҳам волидайнаш сурат мегирад ва бештар як саҳнасозиро мемонад.
Аммо, агар ин қоъидаи асосии “бозӣ” муроъот нашавад ва духтарро ҷабран бирабоянд, танҳо ду ҳолат метавонад пеш биояд: яке инки ду ҷониб тавофуқ кунанд ва бо вуҷуди ҷабран рабуда шудани арӯс, кор бо тӯйи арӯсии ҷавонмарду духтар тамом шавад ( вагарна кор метавонад ба таъқиби рабояндагон аз сӯи хешовандони духтар ва ҳатто ба хунрезӣ бикашад).
Аз мадди назари қонунгузории Русия берун мондани ин масъала ва омилҳои умдатан ахлоқие, ки ба хусус ҷониби қурбониро аз муроҷиъат ба мақомоти интизомӣ боз медоранд, ҷонибҳои зидахл дар чунин мавридҳоро маҷбур ба ҷустуҷӯи роҳҳалҳои хориҷ аз деворҳои додгоҳӣ мекунанд. Дар чунин сурати ҳол бадеҳист, ки нақши афроди солманд ва муътабари сулолаҳо ва рӯҳониён барҷастатар мешавад.
Вале дар бештарини ҳолот танҳо маслиҳате, ки оқсақолҳо ва рӯҳониёни обрӯманд ва баъзан ҳатто волидайнаш метавонанд ба духтари рабудашуда бидиҳанд, ин аст, ки кор дигар аз кор гузаштааст ва бояд ба тақдир тан дод. Ва духтари муштипар ва дар рӯбарӯи ин анъанаи гӯиё “хуби қадима” оҷизу нотавон низ ба ҷуз аз пӯшидани куртаи арӯсӣ ва издивоҷ бо марде, ки шояд дӯсташ надорад, интихоби дигаре барои худ намебинад.
XS
SM
MD
LG