Пайвандҳои дастрасӣ

Маккейн барои пирӯзӣ дар Ироқ 4 сол мехоҳад


Номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии Амрико, Ҷон Маккейн, гуфт, бовар дорад, ки пирӯзӣ дар ҷанги Ироқ дар чаҳор сол метавонад ба даст ояд. Он гоҳ артиши Амрико метавонад, дар Ироқ ҳукумати демократии тавоноро боқӣ гузошта, ба ватан баргардад. Рақибони Маккейн аз Ҳизби демократ, Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон ваъда медиҳанд, ки сарбозони Амрикоро дафъатан ба ватан хоҳанд овард. Маккейн чунин ваъдаҳоро бемулоҳизагӣ номид ва ҳама гуна ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳоро рад карда, бар ин аст, ки ҳаҷми нерӯҳо бояд зимни шароити мавҷуда муайян шавад.
XS
SM
MD
LG