Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти гурӯҳи нав бо номи "Муҷоҳидони Ҳинд"


Як гурӯҳи нави ситезаҷӯёни исломӣ, ки худро "Муҷоҳидони Ҳинд" меномад, масъулияти таркишҳои занҷираӣ дар шаҳри Ҷойпурро, ки бар асари онҳо 63 нафар кушта ва 200 тан захмӣ шудаанд, бар дӯш гирифт. Вазири умури дохилии аёлати Раҷистон Гулобхон Катария гуфт, ин гурӯҳ эъломияи худро дар як навори видеоӣ ба расонаҳои хабарӣ фиристодааст. Ҷойпур дар гузашта бо ҳамлаҳои террористӣ рӯбарӯ нашудааст ва мусулмонон дар ин ҷо як бахши умдаи аҳолиро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG