Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави асосии Мянмар қабул шуд


Мақомоти низомии Мянмар хабар доданд, ки аксари мардум тарҳи нави Қонуни асосии кишварро пазируфтанд.

Референдуми баҳсбарангез оид ба тарҳи нави Қонуни асосии Мянмар дар ҳоле баргузор шуд, ки садҳо ҳазор сокини манотиқи аз тӯфони мудҳиш осебдида лолу ҳайрону гирён буданд. Бо вуҷуди мотами бузург, ки кишварро фаро гирифта буд, хунтаи низомӣ тасмим дар бораи баргузории ин маъракаро тағйир надод, зеро Қонуни Асосии нав қудрати хунта дар Мянмарро тақвият мебахшад.

Ахиран, Комиссиюн оид ба референдуми умумимиллӣ хабар дод, ки беш аз 20 миллион афроди соҳиби ҳаққи раъӣ ва ё беш аз 92 дар сади мардуми пойи қуттиҳои раъӣдиҳӣ омада аз Қонуни асосии нав пуштибонӣ кардаанд.

Хунтаи Мянмар даъвати ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мавқуф гузоштани ин маъракаи сиёсӣ бино ба ҳалокати теъдоди зиёди мардум дар тӯфонро нодида гирифт. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин офати табиӣ беш аз 39 ҳазор кас ҷон бохта, тақрибан 28 ҳазор нафар то ҳол беному нишонанд. Тӯфони “Наргис” ҳудуди 2 миллион сокинони Мянмарро бехонумон сохт, ки ҳоло ба макони зисти муваққат, маводи озуқа, оби пок ва хадамоти тиббӣ ниёз доранд.

Мақомоти низомӣ фақат эълом доштанд, ки референдум дар 47 шаҳру деҳаи осебдида мавқуф гузошта шудааст. Коршиносон референдумро, ки бидуни ширкати нозирони байнулмилалӣ доир шуд, яке аз сабабҳои аслии роҳ наёфтани созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ ва табибону наҷотбахшони дигар кишварҳо ба манотиқи офатзадаи Мянмар мехонанд.

Лиан Сахонг, Дабири Кулли Шӯрои қавмҳо, яке аз созмонҳои мухолифи ҳукумат, ки дар марзи миёни Мянмар ва Таиланд мустақар аст, мегӯяд, “хунта намехост хориҷиён чӣ гуна гузаштани референдумро бо чашми худ бубинанд”. Дар як нишасти хабарӣ дар Бангкок ӯ афзуд, “низомиён аз он ҳарос доштанд, ки созмонҳои хайрияи хориҷӣ аз тақаллубу қонуншиканӣ дар ин маъракаи сиёсӣ огаҳ мешаванд”. Зимнан, баъд аз доир шудани референдум ва эълони натоиҷи он низ хунта барои боз кардани дарҳои Мянмар ба рӯи хориҷиёни хостори кумак ба мардуми офатзада шитоб надоранд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва кишварҳои Ғарб референдуми Мянмарро тақаллубӣ хонданд ва эълом доштанд, ки он на озод буд ва на одилона. Шоҳидон мегӯянд, ки мақомот ҳам аз тарсдиҳӣ ва ҳам, ба истилоҳ, аз харидории раъӣҳои мардум истифода карданд. Дар арафаи ин маърака бархе аз фаъолони мухолифин боздошт шуданд. Аз сӯи дигар, муаллимон, низомиён, кормадони полис қабл аз рӯзи муқарраршуда раъӣ доданд ва ба иттилоъе баъзе манбаъҳо, раҳбарони макотибу донишгоҳҳо, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва идораҳои полис зердастони худро маҷбур мекарданд, ки вз тарҳи нави Қонуни асосӣ ҷонибдорӣ кунанд. Дар Мянмар 46 сол боз қудрат дар дасти хунтаи низомист.

XS
SM
MD
LG