Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Буш дар ҷашни таъсиси Исроил


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш дар ҷашни 60-солагии таъсиси давлати Исроил пайвандҳои ин кишварро бо Амрико "ногусастанӣ" номид. Дар суханронияш дар порлумони Исроил, Буш аз Исроил ба ҳайси як давлати демократӣ ситоиш кард ва гуфт, он ҳақ дорад, аз худ дифоъ кунад: "Мо ҳамчунин ба ин боварем, ки ҳар давлат ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад ва ҳеч давлате ба гуфтушунид бо қотилон, ки тахриби онро мехоҳанд, маҷбур набошад." Буш ҳамчунин гуфт, Амрико дар баробари хостҳои эҳтимолии таслиҳотии Эрон бо қатъият дар паҳлуи Исроил қарор хоҳад дошт. Сарвазири Исроил, Йеҳуд Олмурт, ки пеш аз Буш сухан кард, гуфт, Исроил омодаи сулҳ аст ва ба тарҳи сулҳи Буш эътиқод дорад. Дар ин байн фаластиниҳо Рӯзи, тавре худашон мегӯянд, Нақба ва ё фалокати миллии худро қайд карданд, ки дар соли 1949 садҳо ҳазор нафари онҳо аз ҳамлаи нерӯҳои Исроили тозатаъсис хонаҳои худро тарк намуданд ва паноҳанда шуданд.
XS
SM
MD
LG