Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориёнбонк" дар нашрияҳо


Баҳси зинда будан ё набудани Ҳасан Асадуллоҳзода, раҳбари «Ориёнбонк» ва додарарӯси президент Раҳмон, дар куллия нашрияҳои чопи ахири Душанбе мунъакис шудааст.

Бештари нашрияҳо бар ин боваранд, ки ӯ зинда ва машғули кори ҳамарӯзаи худ дар ширкати «Ориёнбонк» аст. Ин, албатта, овозаи тоза нест.

Овоза тӯли ду ҳафтаи ахир маҳофили хоссу омми Тоҷикистонро гарм нигоҳ медорад. Қаблан, аз ҷумла, сомонаҳои интернетии «Узметроном», «Фергана.ru» ва «Евразиянет» навишта буданд, ки Ҳ. Асадуллоҳзода дар натиҷаи як хархашаи хонаводагӣ аз сӯи Рустам, писари президент Раҳмон, парронда шуда, дар яке аз беморхонаҳои Олмон ҷон додааст. Аммо нашрияи русизабони кишвар «Asia-Plus» бо такя ба манобеъи мухталифи дохиливу хориҷӣ менависад: «Раиси «Ориёнбонк» зиндаву саломат аст».
Ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» низ бо такя ба қавли Рустами Ҷонӣ, директори барномаҳои Радиои «Имрӯз», ки мансуб ба ширкати «Ориёно-медиа» аст, мегӯяд, ба Ҳасан Асадуллоҳзода воқиъае рух надодааст ва ин гуфтаҳо бофтае беш нест.
Нашрияи «Миллат» бо руҷӯъ ба ин мавзӯъ мегӯяд, дафтари матбуъотии ширкати «Ориёнбонк» ваъдаи посух гуфтани раиси ин ширкат ба ҳафтаномаи «Миллат»-ро додааст.
Ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» дар матлаби дигар аз Раҳматилло Зойиров навиштааст, ки ин мухолифи ҳукумати президент Раҳмон роҳи ҳамкорӣ бо ҳукуматро меҷӯяд. Раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳафтаи оянда нийят дорад, ба мазмуни таъйин шуданаш ба вазифаи вазири адлия ба муҳлати ду сол унвонии Эмомалӣ Раҳмон муроҷиъатнома бинависад. Раҳматилло Зойиров ҳамчунин дар як суҳбти вижае бо хабарнигори «Миллат» баён доштааст, ки мардуми Бадахшон дар соҳибкорӣ ва ҷустани роҳҳои гуногуни зиндагӣ аз сокинони минтақаи Суғду Хатлон ва навоҳии тобеъи Душанбе ақибмондаанд ва ин мушкил онҳоро водор мекунад, ки рӯи майдонҳо бирезанд. Ба гуфтаи вай, мардуми бадахшӣ барои баргузории гирдиҳамоӣ ҷасорату рӯҳия доранд ва омода низ ҳастанд. Р. Зойиров баргузории чунин як гирдиҳамоӣ дар Душанбеву Хуҷандро ғайриимкон хондааст, хосса, гирдиҳамоӣ бо мардуми Хуҷандро. Бино бар таъкиди ӯ ба ин нашрия, баргузории чунин як гирдиҳамоӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва водии Зарафшон имконпазир хоҳад буд.
Ин ҳафтанома инчунин суҳбатеро бо ҷаноби Абдуҷамол, як чеҳраи маъруфи салафия дар Тоҷикистон, нашр кардааст. Оқои Абдуҷамол, ки аз насаби аслии ӯ дар ин нашрия ном бурда намешавад, гуфтааст, ки «салафия на ҳизб асту на созмон». Вай гуфтааст, дақиқ намедонад, ки чи гуна ва кай салафӣ шуд, аммо иқрор кардааст, ки ба ин ҷараёни тозапайдо дар Тоҷикистон пас аз хондани китоби «Саҳеҳ»-и ал-Бухорӣ рӯй оварадааст. Оқои Абдуҷамол таъкид мекунад, онҳо аз ақидае, ки Қуръон ва суннат баён доштааст, пайравӣ мекунанд ва тамом. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар давоми камтар аз як соли ахир атрофи ин ҷараёни мазҳабӣ ва баҳси намояндагони он бо аҳли мазҳаби ҳанафӣ дар матбуъотии даврии Тоҷикистон баҳсу баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, «Озодагон», нашрияе, ки баҳси салафиҳо ва кӣ будани онҳоро бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон, матраҳ карда буд, ин ҳафта матлаберо бо номи «Решаёбӣ дар афкори салафиҳо» чоп намудааст. Муаллифи матлаб Хайриддин Қосимӣ дар ин матлаб гуфтааст, ки «салафиҳои Тоҷикистон андешаҳои пайравони чаҳор мактаби фиқҳ ва каломи аҳли суннат – ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалиро – ботил эълом мекунанд». Ин нашрия ҳамчунин овардааст, ки «салафиҳо аз намози ҷамоъат, яъне адои намоз пушти сари дигарон, худдорӣ менамоянд ва нисбат ба паёмбар беадаб ва беҳурматанд».
«Оилаи сиёсатмадор», матлабе аз нашрияи русизабони «Вечерный Душанбе» аст, ки ба зиндагӣ ва кори хонаводагии раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили мардумӣ дар порлумони кишвар Шодӣ Шабдолов ихтисос ёфтааст. Муаллифи он, ки бо аҳли хонаводаи оқои Шабдолов аз наздик вохӯрӣ ва суҳбат кардааст, мегӯяд, ки ӯ дар хонааш ҳам аз тақдири Тоҷикистон канор нест ва андешаи худро дар нисбати кори ҳукуматдорон ошкоро ва бепарда ба зану фарзандонаш нақл мекунад.
Дар Тоҷикистон донистани он ки сиёсатмадорон ва сарватмандону фарзандони онҳо чи гуна зиндагӣ доранд, аҷиб аст. Ва ошкор кардани чигунагии зиндагии шахсиятҳои тоҷикӣ кори нав аст, ки ахиран аз сӯи хабаргузории «Авесто» роҷеъ ба муайян намудани феҳристи сарватмандтаринҳои Тоҷикистон анҷом шуд.
XS
SM
MD
LG