Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон


Ва сафари Якин Уртурк, гузоришгари вижаи Сомони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, ба Тоҷикистон дар замоне сурат гирифт, ки ҳодисаҳои худкушӣ дар байни занон ва зуроварӣ алайҳи онҳо афзоиш ёфтааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди ҷамъиятии «Перспектива плюс», ки ба масоили ҳуқуқи занон ва муҳоҷирон расидагӣ мекунад, гуфт, ки агар мақомоти Тоҷикистон ба ин мушкил аҳамияти ҷиддӣ надиҳанд, дар оянда мушкили хонаводагӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад ва имкон дорад ба генофонди миллӣ садамаи ҷиддӣ ворид кунад. Вай мегуяд, хушунат алайҳи занонро мо дар хонавода, хиёбон ва ҳатто ҷои кор мебинем. Мушкили дигар ин аст, ки бекорӣ боиси афзоиши танфурушии занон дар муҳоҷират шудааст.

Бино ба иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, фуруши занҳо ба кишварҳои хориҷӣ, бахусус арабӣ, зиёд шудааст. Додситонии кулл низ афзоиши ҳодисаҳои худкушии занонро таъйид мекунад.

Якин Уртурк, гузоришгари вижаи Сомони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар, имрӯз ба Тоҷикистон ворид шуд. Ӯ аз зиндони занона дар минтақаи Нораки Тоҷикистон дидан кард. Хонум Уртурк дар ҳоли ҳозир аз ҷараёни дидораш аз зиндони занона иттилоъе надодааст. Вай тасмим дорад дар тули сафари якҳафтаинаи худ бо вазъи занон дар тамоми манотиқи кишвар ошно шавад.

XS
SM
MD
LG