Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC: Тоҷикистон – Филиппин – 0:0


Футболбозони Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC-Конфедеросиюни футболи Осиё дар даври дувум бозиро бо дастаи Филиппин 0:0 анҷом доданд.

Ин бозӣ имрӯз, 15-уми май, дар Филиппин баргузор гардид, ки аз аввал то охир пуршиддату шавқовар сурат гирифт. Ҳамзамон бозии дигари ин гурӯҳбайнитимҳои Бутан ва Бруней бо натиҷаи 1:1 хотима ёфт.
Бад-ин тартиб, дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин бо 4-имтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи «В» мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.
Дар даври севум рӯзи 17-уми май Тоҷикистон бо Бруней ва Филиппин бо Бутан рақобат мекунанд.
То ҳоло 6 дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ муайян шудаанд. Инҳо тимҳои миллии Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар, Ҳиндустон (мизбони сабқати ниҳоӣ), Шри-Ланка – ғолиби гурӯҳи «А» ва Афғонистон – ғолиби гурӯҳи «С» - мебошанд.
Барои ду роҳхати дигар ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки аз 30-вуми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, дастаҳои гурӯҳҳои «В» ва « талош мекунанд.
XS
SM
MD
LG