Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи шоҳроҳи Афғонистон -- Тоҷикистон -- Чин


Вазири нақлиёти Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр имрӯз дар Кобул бо ҳамтои афғони худ, Ҳамид Қодирӣ, тарҳи сохтмони шоҳроҳеро баррасӣ кард, ки Бадахшони Тоҷикистонро бо Кобул васл кунад. Қарор аст, ин роҳ аз дараи Панҷшер гузарад ва биноъан ҳайати Тоҷикистон ба ин минтақа сафар кард. Ноиби волии Панҷшер, Абдураҳмон Кабирӣ дар ин бора гуфт: "Мо дар бобати бунёди роҳ аз тариқи Панҷшер, Ишкошими Афғонистон то ба Тоҷикистон ва сипас то Чин гуфтушунид дорем." Чин низ бо мақомоти Кобул дар бораи сохтмони роҳи оҳане дар шимоли Афғонистон гуфтушунид дорад. Қарор аст, ин роҳ Чинро ба конҳои миси вилояти Лугар, шимоли Кобул, пайванд кунад.
XS
SM
MD
LG