Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Зенит» - барандаи Ҷоми УЕФА


Дастаи футболи «Зенит»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барандаи Ҷоми УЕФА гардид.

Қаҳрамони футболи Русия дар бозии ниҳоӣ, ки дар шаҳри Манчестери Бритониё баргузор шуд, тими «Глазго-Рейнҷерс»-и Шотландияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Голҳоро дар нимаи дуввуми бозӣ Игор Денисов ва Константин Зирянов ба самар расонданд.

Дастаи «Зенит» моҳи августи соли ҷорӣ дар Монте-Карло барои Суперкубок ё Ҷоми олии Аврупо бо ғолиби бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Аврупо байни ду тими Инглистон - «Манчестер-Юнайтед» ва «Челси», ки 21-уми май дар шаҳри Маскави Русия баргузор мешавад, рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG