Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Субҳи имрӯз, 15 май, вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Шанхай дар шаҳри Душанбе як санади ҳамкорӣ дар бахши низомӣ ба имзо расониданд.

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ба ҳангоми натиҷагирӣ аз нишасти Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви созмони Шонҳой дар Душанбе таъкид кард, ки созишномаи ба имзорасида аввалин санади расмӣ миёни вазоратҳои дифоъи кишварҳои узви ин созмон аст, ки дар он ҳамкории ин кишварҳо дар масоили амният ва дифоъ танзим шудааст. Зеро, афзуд оқои Хайруллоев, то ин замон як чунин санад, ки ҳамкории кишварҳои созмонро дар умури амният ва дифоъ таъйин кунад вуҷуд надошт.

Лян Гуянле, вазири дифоъи Чин, ҳарчанд бори дигар таъкид кард, ки созмони Шонҳой созмони сиёсиву низомӣ нест ва фаъолияти он алайҳи ҳеҷ кишвар ва созмоне нигаронида нашудааст, аммо ҳамзамон имзои созишномаи мазкурро, ки ба таъйиди ӯ, дар он шеваҳои муносиби мубориза бо хатароти ношӣ аз терроризм ва дигар таҳдидҳо мушаххас шудааст, муҳим хонд.

Ин дар ҳолест, ки ба таъбири Александ Колмаков, муовини аввали вазири дифоъи Русия, қаламрави васеъ, ҷамъияти бисёрмиллионӣ ва гуногунмиллату гуногунмазҳаб, ки дар ихтиёри давлатҳои узви ин созмон аст, онҳоро барои рушду нумӯъ мо таъмини зиндагонии шоиста масъул кардааст. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар чаҳорчӯби Созмони Шонҳой тадбирҳое андешида шудааст, ки татбиқи онҳо имкони медиҳад ба ҳаводисе, ки сулҳу суббот дар минтақаро ба ҳам бизанад, вокуниш нишон дода шавад.

Дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди эҳтимол ва ё имкони пазируфта шудани Эрон ба узвияти ин созмон Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, гуфт, ин масъала дар дастури кори онҳо қарор надошта ва Шӯрои вазирони дифоъ салоҳияти баррасии онро надорад. Вале вай гуфт, ки ихроҷи Гурҷистон аз паймон ё қарордоди ҳарими ҳавоии Кишварҳои муштаркулманофеъ бар амнияти он асар нахоҳад дошт.

Дар ҳоле ки вазири дифои Чин савол дар мавриди эҳтимоли ҳамкорӣ бо созмони НАТО ва густариши ҳузури он дар минтақаро беҷавоб гузошт бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, ки созмони Шонҳой дар ҳеҷ сурат ҳозир нест, ки пешрафти НАТО дар минтақа минбаъд низ идома ёбад.

Дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои узви созмони Шонҳой дар Душанбе аз Русия ва Узбакистон муъовинон ва аз бақия давлатҳои узв - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Чин - вазирони дифоъ ширкат доштанд. Дар ин нишаст гуфта шуд, ки дар соли 2010 дар Қазоқистон машқҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узв доир хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG