Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷиҳоди исломӣ" ба Ашкелон мушак андохт


Бар асари мушакборони шаҳри Ашкелон, воқеъ дар ҷануби Исроил, дасти кам 5 нафар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз мушакҳо дар бинои маркази тиҷоратӣ инфиҷор кард. Як қисми бино тахриб шуд ва гуфта мешавад, ки зери овор шояд одамон боқӣ мондаанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи фалстинии “Ҷиҳоди исломӣ” бар дӯш гирифтааст.

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури ИМА айни ҳол дар Исроил аст. Яҳуд Олмерт, сарвазири Исроил дар мулоқот бо Буш гуфт, ки "Исроил ҳамлаҳои мушакӣ аз навори Ғазаро бемуҷозот нахоҳад монд".

XS
SM
MD
LG