Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳи муташаккили мафиозӣ


Ожонсии мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон ҳаҷми бузургтарини мухаддиротро дар Душанбе ошкор ва мусодира кард.

Ин ожонсӣ дар мавзеъи Чорбоғи ноҳияи Варзоб як гурӯҳи мафиозиро бо 424 кило маводди мухаддир ва як туфангчаи тамғаи Макаров бо 15 тир боздошт намуд. Фахриддин Ҷонмаҳмадов, роҳбари ситоди Ожонсии мубориза бо маводи мухаддир, иттилоъ дод, ки аз 424 килограмм мухаддири боздоштшуда ҳудуди 34 килограмми он ҳероин ва ҳудуди 390 килограмм афюн будааст. Ин миқдори мухаддирот, ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон ҳудуди 400 000 доллар ва дар Аврупо бештар аз 10 миллион доллар қимат доштааст.
Роҳбари ситоди Ожонсии мубориза бо маводди мухаддир инчунин гуфт, ки гурӯҳи мафиозии мазкур ин миқдори бузурги маводди мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, мехостанд ба устони Суғд бурда, сипас ба хориҷа интиқол бидиҳанд.
Ӯ меафзояд, ин гурӯҳи мафиозӣ дар дохили мошини нафткаши тамғаи «КамАЗ» махфигоҳ сохта, маводди мухаддирро пинҳон карда буданд, ва ду мошини сабукрав аз пас онро ҳамроҳӣ мекарданд.
Гуфта мешавад, ҳангоми тафтиш фаъъолияти ҷиноии онҳо ошкор шудааст ва феълан чаҳор узви ин гурӯҳи ҷиноӣ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, бо мошинҳои худ дар боздоштгоҳи муваққатии ожонсии мазкур қарор доранд.
Ба таъйиди кормандони Ожонсии мубориза бо маводи мухадири Тоҷикистон, қаблан аз фаъъолияти ин гурӯҳи ҷиноӣ огоҳ буданд ва таййи чаҳор моҳ дар пайи боздошти аъзои он буд. Бино ба иттилоъи ожонсии мазкур, ин гурӯҳ дар бархе кишварҳои дунё намоянда дорад ва борҳо ба Аврупо маводди мухаддир интиқол мекардааст.
Оқои Ҷонмаҳмадов афзуд, ки бо боздошти ин гурӯҳи мафиозӣ як хатти байнулмилалии қочоқи мухаддирот, ки аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон то ба Аврупо тӯл мекашид, акнун қатъ қатъ гардид ва дар ҳоли ҳозир ин ожонсӣ тасмим гирифтааст дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои зирабт аъзои хориҷии ин гурӯҳи мафиозӣ боздошт шавад.
Дар соли равон 5 чунин гурӯҳи муташакили ҷиноӣ боздошт шудаанд ва дар Тоҷикистон беш аз 2 200 кг маводди мухаддир мусодира шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи як соли пеш 30 дарсад бештар будааст.
XS
SM
MD
LG