Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси намояндагон: ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда осон нест


Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи ислоҳот ба Қонун «дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»-ро радд кард.

Дар ин лоиҳаи аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодшуда барои ворид кардани колову моли бо кайфияти бад муҷозоти шадид пешбинӣ мешавад, ки, ба эътиқоди намояндагони порлумон, дар сурати пазируфта шудани он воридот ба маротиб коҳиш ёфта, дар натиҷа бозори дохилӣ бо буҳрони шадид мувоҷеҳ хоҳад шуд. Давлаталӣ Ҳотамов, раиси Ожонсии стандарт, сифат ва нозироти колои назди ҳукумати Тоҷикистон, ки лоиҳаи мазкурро тавзеҳ медод, ишора намуд, ки ин ислоҳот бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди амволи бадсифат таҳия ва пешниҳод шудааст, зеро давлат муваззаф аст аз тадобире кор бигирад, ки барои ҳимояти ҳуқуқи масрафкунандагон ва бозори дохилӣ судманд бошад.
Ин дар ҳолест, ки, ба бовари намояндагони порлумон, дар сурати пазируфта шудани ин лоиҳа ҳаҷми воридоти маҳсулот ба маротиб коҳиш меёбад ва дар пайи он бозори дохилӣ бо буҳрони шадиди молӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Шодӣ Шабдолов, вакил аз Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, гуфт, ин тарҳ бар изофаи онки бо бархе аз қавонини ҷории кишвар муғойират дорад, миёни муҷозоти маъмурӣ ва ҷиноӣ фарқ нагузоштааст. Аз сӯи дигар муҷозоте, ки ин лоиҳа барои вуруди амволи ғайристандартӣ пешниҳод кардааст, дар ниҳояти кор бозорҳои кишварро холӣ аз маҳсулот мекунад.
Ба ин тартиб, бо пешниҳоди раиси Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳот ба Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дубора барои баррасӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пас гардонида шуд. Ҳамзамон вакилони Маҷлис аз фаъъолияти Ожонсии стандартӣ, сифат ва нозироти колои назди ҳукумати Тоҷикистон интиқод карданд, ки он натавонистааст аз вуруди маҳсулоти тақаллубӣ ва муҳлати истифодаашон тамомшуда ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG