Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳо ва сотсиалистҳо ба мувофиқа расиданд


Рӯзномаи “Блик” чопи Белград хабар дод, ки Ҳизби демократи Сербистон ва Ҳизби сотсиалистии раисиҷумҳури собиқ Слободан Милошевич дар бораи ташкили ҳукумат ба мувофиқа расидаанд. Дар ин бора баъд аз музокироти раисиҷумҳури Сербистон ва раиси Ҳизби демократ Борис Тадич ва раҳбари ҳизби сотсиалистӣ Ивитса Дачич хабар дода шуд. Нашрия бо такя ба намояндагони воломақоми ҳарду ҳизб иттилоъ додааст, ки тасмими ташкили эътилоф дар порлумон ва ташкили ҳукумат баъди эълони расмӣ ва пазируфта шудани натоиҷи интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе эълон хоҳад шуд.

Дар интихоботи порлумонии Сербистон ҳизби Борис Тадич, ки ҷонибдори ҳамоиш бо Иттиҳоди Аврупост, бо дарёфти беш аз 39 дар сади райъҳо пирӯз соҳиб шуд ва аммо аҳзоби миллатгаро гуфтанд, ки ҳукуматро на ҳизби Тадич, балки онҳо ташкил хоҳанд кард, зеро ҳамроҳ бо Ҳизби сотсиалистӣ бештари курсиҳои порлумонро ба даст овардаанд. Вале ба назар мерасад, ки сотсиалистҳо таъсиси эътилоф бо ҳизби пирӯзро авлотар донистаанд.

XS
SM
MD
LG