Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш вориди Исроил шуд


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури ИМА имрӯз вориди Исроил шуд. Интизор меравад, ки ӯ дар таҷлили 60-умин солгарди ташкили давлати Исроил ширкат намуда, бори дигар ба имзо шудани созиши сулҳи миёни Исроилу Фаластин то моҳи январи соли оянда таъкид хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки Ҷорҷ Буш ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ ва Миср дидан мекунад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин шояд охирин сафари расмии президент Буш ба Ховари Миёна аст.

XS
SM
MD
LG