Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни заминларза меафзояд


Теъдоди қурбониёни заминларзаи бесобиқа дар ҷанубу ғарби Чин афзоиш меёбад. Тибқи иттилоъи ахиран расида, дар ин ҳодиса дасти кам 20 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Ҳазорҳои нафари дигар то ҳанӯз зери оворанд. Чанд шаҳри устони Сичуан комилан тахриб шудааст. Мақомоти Чин ба хотири ҳамдастӣ бо наҷотбахшон ва табибон ба минтақаи офатзада ҳудуди 100 ҳазор низомиён ва кормандони полисро фиристодаанд.

Заминларзаи рӯзи 12 май - бузургтарин заминларза дар Чин дар 30 соли ахир маҳсуб мешавад. Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳоди Аврупо, Русия ва кишварҳои минтақа омодагии худро барои ширкат дар рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ пешниҳод кардаанд.

XS
SM
MD
LG