Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Мянмар ба тӯфони нав мувоҷеҳ мешавад


Созмони Милали Муттаҳид аз хатари тӯфони нав дар Мянмар ҳушдор медиҳад. Бар асари тӯфони рӯзи 2 май, ба иттилоъи расмӣ, 34 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 300 ҳазор нафар то ҳанӯз бе ному нишонанд. Ҳамчунин беш аз 2 миллион сокини Мянмар бехонумон шуда ба кумаки оҷил ниёз доранд.

Интиқоли кумаки башарӣ ба кишвар шурӯъ шуд ва аммо фақат баъд аз чанд рӯзи ин фоҷиа – хунтаи низомии Мянмар ҳанӯз ҳам ба кормандони созмонҳои хайрияи байнулмилалӣ, табибон ва наҷотбахшон барои вуруд ба манотиқи офатзада иҷоза намедиҳад. Дирӯз Бан Ки Мун – Дабири Кулли СММ ҳушдор дода буд, ки агар ироаи кумакҳои башарӣ ба Мянмар ҳамчунон ба кундӣ идома ёбад ва мақомоти низомӣ аз вуруди наҷотбахшони дигар мамолик ба маҳали офат ҷилавгирӣ кунанд, сокинони Мянмар ба гуруснагӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд ва хуруҷи маризиҳои вогир низ аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG