Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози Кобул ба куштори афғонҳо дар марзи Эрон


Имрӯз вазорати хориҷаи Афғонистон дар баробари куштори шаҳрвандони кишвар аз сӯи неруҳои марзбонии Эрон дар як минтақаи сарҳади ду кишвар эътироз кард. Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи душанбе дар минтақаи ҳаммарз бо вилояти Нимрӯз рух додааст. Ғулом Дастагири Озод, волии Нимрӯз бо такя ба иттилоъи як шаҳрванди наҷотёфта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чаҳор афғон кушта ва 8 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Тафсилоти дигар дар ин маврид ҳанӯз зери даст нест.
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ин ҳадди аққал дуввумин куштори афғонҳо аз сӯи неруҳои эронӣ дар як моҳи ахир аст. Ба иттилоъи вазорати умури хориҷаи кишвар, қаблан дар як даргирӣ миёни марзбонҳои ду кишвар дар Нимрӯз як муаллими афғон кушта ва ду марзбони эронӣ маҷрӯҳ шуда буданд. Гуфта мешавад, задухурд баъди он ба вуқуъ пайваст, ки чаҳор марзбони эронӣ ба як деҳаи Афғонистон ворид шуда, сокинони маҳаллиро ба лату кӯб кашиданд.

Кормандони полиси маҳаллӣ мегӯянд, ки моҳи гузашта марзбонҳои эронӣ дар қаламрави Афғонистон 13 паноҳандаи афғонро ба қатл расониданд.

XS
SM
MD
LG