Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрия ба ҷои фитнес-клуб


Илҳом Пӯлодов, сокини ноҳияи Темурмалик, маъюби гурӯҳи дуюм, пойи ноқис дорад. Қаблан, ӯ барои пешбурди зиндагӣ ва кумак ба хонаводаи хеш деҳқонӣ мекардааст. Аммо акнун Илҳом соҳиби касби нави сердаромадтар шудааст. Вай имсол бо хатми гурӯхи хайётии мактаби махсуси маълулони пойтахт мустақилона ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Илҳом мегӯяд, ки аз ӯҳдаи духтани пиджак, шим, куртаҳои занона, курпаву курпача ва дигар ҷиҳози хона ба хубӣ мебарояд ва мехоҳад, дар оянда бо ин ҳунар нони худро дар зиндагӣ пайдо бикунад.

Дар мактаб-интернати махсуси касбии маълулон беш аз 260 хонанда аз ноҳияҳои мухталифи кишвар аз руйи ихтисосҳои гуногун аз қабили дузандагӣ, ҳисобдорӣ, барномасози компютер, радио-механик ва мӯзадузӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ғолибан, духтарони маълуле, ки зеҳни солим ва дасти гиро доранд, хайётӣ ва кор дар компютерро меомӯзанд. Адолат Бобекова, муҳассили гурӯҳи хайётӣ мегӯяд, дар баробари омӯзиш онҳо маҳсули ҳунари хешро дар намоишгоҳҳои мухталиф ва ба бозор арза мекунанд.

Дар синфи мӯзадӯзӣ 22 ҷавони маълул таҳсил мекунад. Вақте дохили ин синф шудем, дидем, ки ин ҷо якчанд мошинаи мӯзадӯзӣ ва як туда пойафзоли кӯҳна гузошта шудаасту, ҳавои хонаро бӯйи ширеш ва чарм гирифтааст. Хонандаҳои ин синф мегӯянд, ки мӯзадӯзиро дар пойафзоли кӯҳнаи ҳамсинфонашон меомӯзанд. Аксари устоҳои ҷавони ин устохона лолу ношунавоянд ва мегӯянд, баъди хатми омузишгоҳ мӯзадӯз мешаванд.

Дар синфҳои хайётӣ ва мӯзадӯзӣ ҷавонони маълул аз мошинаҳои дӯзандагии электрикии муосир истифода мебаранд ва хобгоҳҳои онҳо қисман бо рахти хоби замонави муҷаҳҳаз аст. Ин ҳамаро ба онҳо созмони хайрияи Ротарии Тоҷикистон тақдим кардааст. Ин созмон феълан 20 нафарони доро, кормандони сафорат ва созмонҳои байнулмилалиро ба таври ихтиёрӣ муттаҳид месозад ва аз ҳисоби маблағҳо ва имконоти аъзояш ба гуруҳҳои ниёзманди ҷомеъа тариқи лоиҳаҳои гуногун кӯмак мерасонанд. Ин маҳфил соли 2004 дар Душанбе ба кор расман шурӯъ кардааст, аммо таърихи 100-сола дорад. Гуфта мешавад, ин маҳфил дар ҷаҳон беш аз 1 миллион нафарони сарватманд ва саховатпешаро муттаҳид мекунад. Барои шаш моҳ ҳар як узви Ротарӣ дасти кам 75 доллар аъзоҳаққӣ пардохт мекунад.

Аммо, феълан, маҳфили Ротарии Тоҷикистон барномаҳои хайриявии худро бештар аз ҳисоби маҳфилҳои Ротарии кишварҳои дигар амалӣ месозад, зеро хазинаи маҳфил ҳоли ҳозир чандон ғанӣ нест. Муҳиббуло Зубайдуллоев, узви Ротарӣ дар ин замина мегӯяд, дар баробари роҳандозии лоиҳаҳои обтаъминкунии сокинони деҳоти мухталифи кишвар онҳо ба муассисаҳои таълимии пойтахт мактаб-интернати махсуси маълулон ва омузишгоҳи касбӣ-техникии рақами 66 кӯмаки молӣ мерасонанд.

Маҳфили Ротарӣ барномаҳои мисли таъмини оби поки ошомиданӣ ва шароити мусоиди таълим ва зисти муҳассилини ниёзмандро пуштибонӣ мекунад. Ба ин маҳфил инчунин кормандони созмонҳои байнулмилалӣ шомиланд. Фарангис Ризоева, як ҷавони 23-солае, ки дар моҳи июн узви Ротарӣ мешавад, мегӯяд, ӯ аз маблағе, ки барои фитнес-клуб ҷудо карда буд, сарфа карда, онро ба хазинаи Ротарӣ пардохт хоҳад кард ва ба ин васила саҳме барои пешрафти ҷомеъаи шаҳрвандӣ хоҳад гузошт.

XS
SM
MD
LG