Пайвандҳои дастрасӣ

Дар як маҳалли пуродам дар шаҳри Ҷайпури Ҳиндустон дастикам шаш бомба мунфаҷир шуд ва беш аз 60 кушта бар ҷой гузошт.

Бар асари ин таркиш 150 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гуфта мешавад, шумори қурбониёни ин таркиш метавонад бештар бошад.

Ҷайпур бо тақрибан ду миллион аҳолӣ дар 260 километрии Деҳлӣ дар иёлати Роҷастон қарор дорад ва маҳалли машҳури сайёҳӣ ба шумор меравад.

Таркиш дар қисмати таърихии шаҳр сурат гирифт, дар соате, ки ин маҳалл серодам буд. То ҳол масъулияти ин инфиҷорҳоро касе бар уҳда нагирифтааст. Аммо сардори пулиси Роҷастон ин таркишро амали террористӣ номид.

Мақомоти интизомии Ҳинд дар чунин табаҳкориҳо маъмулан тундравҳои исломиро муттаҳам мекунанд. Солҳои ахир онҳо аз Покистон вориди Ҳиндустон мешудаанд.

XS
SM
MD
LG