Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз чанд соъат Ҷ. Буш вориди Исроил мешавад


Имруз Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико барои як боздид аз кишварҳои Ховари Миёна вориди Исроил мешавад. Вай имруз ва пагоҳ, яъне панҷшанбе дар маросимҳои 60-умин солгарди ташкили давлати Исроил ширкат меҷуяд. Ин ахирин боздиди Ҷорҷ Буш аз Ховари Миёна дар мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико хоҳад буд. Ба ин далел вай саъй хоҳад кард, Исроилу Фаластинро барои расидан ба сулҳ ташвиқ кунад ва онҳо то соли 2009 мувофиқатномаи сулҳро имзо кунанд. Буш аз Арабистони Саъудӣ ва Миср низ боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG