Пайвандҳои дастрасӣ

Дар инфиҷорҳои Ҷайпур 60 нафар кушта шудаанд


Дар дар маҳали пуродами шаҳри Ҷайпури Ҳиндустон дастикам шаш бам мунфаҷир шуд ва бештар аз 60 нафар кушта барҷой гузошт. 150 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷайпур дар 260 километрии Деҳлӣ дар аёлати Роҷастан қарор дорад ва маҳали машҳури саёҳӣ ба шумор меравад. То ҳол масъулияти ин инфиҷорҳоро касе бар уҳда нагирифтааст. Мақомоти интизомии Ҳинд дар чунин табаҳкориҳо маъмулан тундравҳои исломиро муттаҳам мекунанд. Солҳои ахир онҳо аз Покистон вориди Ҳиндустон мешаванд.
XS
SM
MD
LG