Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори қурбониҳои зилзилаи шадидтарини Чин, ки дар 30 соли охир бесобиқа будааст, дар ҳоли афзудан мебошад.

Шиддати зилзила дар ҳудуди 8 дараҷаи Риҳтер ҳисоб шудааст, ки қаламрави зиёди Чину Тайванро аз Пекин то Бангкок фаро гирифтааст. Хабарҳои зиёд роҷеъ ба пурра хароб шудани сохтмонҳои мактабу шифохонаҳо ба даст омада, инчунин роҷеъ ба тахриб дидани корхонаҳои кимиёӣ иттилоъ дода мешавад.

Баъзе хабарҳо ҳокӣ аз он аст, ки маводи зараровари кимиёӣ ба замин рехта муҳити зистро олуда мекунад. То рафт феҳрасти афроди беномунишоншуда афзоиш меёбад. Дар рӯйхати алоҳида, исми беш аз 2000 ҷаҳонгарди хориҷии нопадидшуда ҳам оварда мешавад, ки баъди ин офатҳо беному нишон шудаанд. Табибони дармонгоҳҳои Сичуан мегӯянд, ки нафарони зиёд бо ҷароҳатҳои вазнин оварда мешаванд.

Нозирони офатҳои табиии Чин мегӯянд, ки ба фарқ аз мақомоти Мянмар, ки дар кӯмак ба мардуми зарардида аз тӯфони маргбор таъхир карданд, раҳбарияти ин кишвар вокуниши сареъ нишон дод. Нахуствазири Чин Вен Ҷиабао шоми душанбе аз гурӯҳҳои имдодрасон тақозо кард, ки ҳама талошашонро барои наҷоти ҷони зарардидаҳои зилзила ба харҷ диҳанд.

Вай афзуд, "аввалин масъалаи мавриди ташвиши ман ин аст, ки бояд пеш аз ҳама ҷони инсонҳоро наҷот диҳем. Мо як дақиқа ҳам таъхир карда наметавонем. Ҳар як дақиқа ё сония имкони аз даст додани ҷони тифле, як нафари осебдидае мавҷуд аст". Вен гуфт, ки ба маҳалли марказии офат - Венчуан - гурӯҳи 1300-нафараи наҷотбахшон ва сарбозони артиш сафарбар шудаанд ва онҳо ҳама корро барои наҷоти ҷони инсонҳо анҷом медиҳанд.

Фалокати Чин ҷаҳонро такон дод. Яке аз аввалин вокунишҳо аз ИМА, аз номи раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҷорҷ Буш омад. Шон Маккормак, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар амиқан андӯҳгин аст. Вай афзуд: "Ҳанӯз мо ҳеҷ дархости кӯмаке аз ҳукумати Чин дарёфт накардаем. Мо омода ҳастем, ки мувоқи ниёзҳои ин мардум кӯмак ироа кунем, бо аввалин дархост мо омода ҳастем, ки ба кӯмак шитобем".

Ҳамсоякишварҳои Чин - Кореяи Ҷанубиву Ҷопон ҳам билофосила вокуниш нишон дода, ёрии худро пешниҳод карданд. Раиси ситоди ҳукумати Ҷопон Нобутака Мачимура рӯзи сешанбе дар Токио гуфт, ки кишвари вай ҳам омода аст ба кӯмаки мардуми офатзада шитобад: "Дар паёми тасаллиятии нахуствазир таъкид мешавад, ки Ҷопон омода аст ҳама кӯмаки заруриро ироа кунад. Аммо то ҳол ҳеҷ дархости бахусусе аз ҷониби ҳукумати Чин ба даст нарасидааст".

Русия ният дорад ҳавопаймоеро ҳомили кӯмакҳои башарӣ ба Чин фиристад. Чин соли 1976 бори охир шоҳиди зилзилаи маргафкани пурдаҳшате шуда буд, ки дар шаҳри Тангшан ҷони 242 ҳазор нафарро гирифтааст.

XS
SM
MD
LG