Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норавшани гурезаҳои Андиҷон


Ҳазорон нафар муҳоҷирони андиҷонӣ дар Қирғизистон паноҳ ёфтанд
Ҳазорон нафар муҳоҷирони андиҷонӣ дар Қирғизистон паноҳ ёфтанд

Ин ҳодисаҳо 13 майи соли 2005 дар Андиҷон шурӯъ шуд, вақте мардум ба хиёбонҳо рехтанд ва дар пайи тиру туфанги артиш садҳо нафар кушта ва ҳазорҳо тарки ин шаҳр карданд.

Брюс Панир

Ҳазорҳо тан эътирозгарон ва наздикони онҳо дар Қирғизистони ҳамсоя сарпаноҳ ёфтанд, ва ҳарчанд гуфтани шумори дақиқи онҳо кори осон нест, аммо тибқи баъзе манбаъҳо дар дохили Қирғизистон, бо гузашти се сол ҳам аз он рӯйдодҳои хунин ҳавопаймоҳои ӯзбакӣ шаҳрвандони зиёдро водор ба тарки ватан мекунад.

Рӯйдодҳои Андиҷонро имрӯз чун қатли оми мардум ба ёд меоранд. Тирандозиҳои нахустин замоне шурӯъ шуд, ки афроди мусаллаҳ вориди Андиҷон шуда бо нирӯҳои амниятии Ӯзбакистон рӯбарӯ шуданд. Чанде баъд, нирӯҳои давлатӣ ба сӯи эътирозгарон оташ кушоданд. Ҳазорҳо нафар ҷониби марзи Қирғизистон, ки дар 40-километрии Андиҷон ҷойгир аст, фирор карданд ва дар хоки ин кишвар баъдан бо кӯмаки мақомоти Қирғизистону сарпарастии СММ дар қароргоҳҳои вижа паноҳ дода шуданд.

Манотиқи Ошу Ҷалолободи Қиирғизистон маҳалли зисти даҳҳо ҳазор ӯзбакҳо мебошад ва аксари онҳое, ки маҷбуран Андиҷонро тарк карданд, дар хонаҳои хешу ақрабо ва азизонашон ҷой гирифтанд. Баъди ин ки ҳукумати Ӯзбакистон саркӯби ширкатдорони намоишҳои эътирозии Андиҷонро ба роҳ монд, сокинони зиёди ин минтақа то ҳол тарки маҳал ва дар беруни кишварашон ҷои зист ихтиёр мекунанд.

Барои он шаҳрвандони Ӯзбакистон, ки ба гунае бо хушунатҳои Андиҷон вобаста буданд - яъне ба даст силоҳ гирифтаанд ва ё ҳукуматро барои саркӯби тазоҳургарон ошкоро танқид кардаанд, Қирғизистон ба маҳалли нави зисти онҳо табдил шуд. Азиза Абдурасулова аз созмони ҷамъиятии "Машъали аср" мегӯяд, ки ҳоло тадриҷан аъзои хонаводаи ин мардуми фирорӣ ҳам ба азизонашон дар Қирғизистон мепайванданд.

"Раванди паноҳ додан ба хонаводаҳои журналистон, фаъолони ҳуқуқи башар ва шаҳрвандони одии Ӯзбакистон, ки тавассути марз ба Қирғизистон фирор кардаанд, идома дорад. Ҳудудан бист нафар дар ҷустуҷӯи макони амн ба сар мебаранд. Ҳоло ҷараёни интиқоли онҳо ба кишварҳои сеюм идома дорад".

Манзури хонум Абдурасулова ин аст, ки то имрӯз бархе паноҳандаҳои ӯзбак, ки бевосита аз саркӯбҳои баъди фоҷеаи Андиҷон зарар дидаанд, дар кишварҳои хориҷӣ сарпаноҳ дода мешаванд. Соли 2005 бо кӯмаки СММ 439 паноҳандаи ӯзбакистонӣ дар кишварҳои Аврупову Амрикои Шимолӣ маскан гирифтанд ва баъди ин дигар иттилое дар ин бора дастрас набуд. Аксар коршиносон мегӯянд, ки шумори фирориён ба маротиб бештар назар ба 439 нафар будааст, аммо бо сабабҳои амниятӣ баъзе аз онҳо талош карданд бо мардуми маҳалии Қирғизистон омехта шаванд.

Бахтихон Ҷабборова, як фаъоли ҳуқуқи башар дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон, мегӯяд, ин чиз сабабҳои худро дорад: "Муҳоҷирони ӯзбакистонӣ метарсанд, ки ошкоро худро муаррифӣ кунанд, чунки дар оғоз ҳукумати Қирғизистон ба иштибоҳ роҳ дод ва бисёр паноҳандаҳоро дубора ба Ӯзбакистон фиристод. Ва хадамоти махфии Ӯзбакистон онҳоро мавриди таъқибу фишор қарор доданд. Аз ҳамин хотир ҳам на ҳама муҳоҷирони ӯзбакистонӣ дархости гирифтани мақоми паноҳандагӣ мекунанд".

Ин муҳоҷирон аз муҷозоту таъқибҳои ҳукумати худ ҳарос доранд, афзуд хонум Ҷабборова. Зиндагии онҳо чандон осон нест. Дар маҳалҳои зисти онҳо, яъне дар бахши қирғизии водии Фарғона ва шаҳрҳои Ошу Ҷалолобод ва Узген замин кам ва ҷамъият зиёд аст. Ин ҷо собиқ тоҷикистониҳое ҳам паноҳ ёфтаанд, ки 15 соли пеш аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ фирор карда ин ҷо омадаанд.

Барои мақомоти Қирғизистон ҳам чандон осон нест - аз як сӯ онҳо бояд ба ҳамаи ин фирориҳо таваҷҷӯҳ кунаду аз сӯи дигар, бо фишорҳои ҳукумати Ислом Каримов тарзе бархӯрд кунад, ки манофеи миллии Қирғизистон зарар набинад.

XS
SM
MD
LG