Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Филиппин дар Ҷоми даъвати AFC-Конфедеросиюни футболи Осиё бар тими Бутан бо натиҷаи 3:1 пирӯз шуд.

Бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Бутан имрӯз, 13-уми ма1, сурат гирифт. Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 27-ум ҳисобро боз кард. Сипас ӯ дар нимаи дуввум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра голи дуввумро ба ҳадаф расонд. Баъдан Юсуф Рабиев тӯби севвумро ба дарвозаи тими Бутан зад. Як голи Бутанро Пассанг Тшеринг дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд.

Ҳамзамон дар бозии дигари ин гурӯҳ тими мизбон – Филиппин бар дастаи Бруней бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дастаҳои Тоҷикистон ва Филиппин бо 3-имтиёзӣ дар ҷадвали гурӯҳи «В» мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуввум қарор доранд.

Рӯзи 15-уми май дар даври дуввуми сабқати интихобӣ дастаи Тоҷикистон бо тими Филиппин ва Бутан бо Бруней рақобат мекунанд.

Ғолиби гурӯҳ ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC, ки аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад, роҳхат мегирад.

XS
SM
MD
LG