Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари навбатии Буш ба Ховари Миёна


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш сафари панҷрӯзааш ба Ховари Миёнаро аз таҷлили 60-солагии таъсиси давлати Исроил шурӯъ мекунад.

Яке аз маҳфилҳо конфаронси президенти Исроил, Шимон Перес хоҳад буд, таҳти унвони "Дар баробари фардо", ки президенти пешини чех Ватслав Ҳавел ва раҳбари гурҷӣ Михеил Саакашвилӣ низ ба он даъват шудаанд.

Иди дигаре низ дар пеш хоҳад буд, вале сафари Буш бештар аз силсилаи мушкилҳо иборат аст, то ҷашнҳо.

Моҳи ноябри соли гузашта вай мизбони конфаронси байнулмилалие буд, ки гуфтушуниди сулҳи Исроил ва фаластиниҳоро оғоз дод. Ҳарду тараф ваъда карданд, ки то поёни раёсатҷумҳурии ҷаноби Буш дар моҳи январи соли оянда ба созиш хоҳанд расид. Аммо пешрафт дар қиёс ба гузашти айём хеле суст аст ва ҳамзамон умедвории Буш низ лаҳни оромтаре касб мекунад. Чунончӣ, ба ҷои хушбинии ду давлати паҳлуи ҳам, вай акнун бештар аз "таърифи ин давлат" сӯҳбат мекунад. Ҷаноби Буш мегӯяд, тибқи нақшаи роҳ, қадами аввал таъйини давлати ояндаи фаластинист, ки набояд пароканда бошад. Бояд қаламрави яклухт ва марзҳои рӯшан дошта бошад ва масъалаи паноҳандагони фаластинӣ низ шомил аст.

Аз Исроил Буш рӯзи ҷумъаи 16-уми май барои ширкат дар як ҷашни дигар ба Арабистони Саъудӣ меравад. Дар ин ҷо аз 75-солагии равобити дипломатии миёни Амрико ва Саъудия таҷлил хоҳанд кард. Интизор меравад, дар ин ҷо Буш аз мушкили дигаре ёд хоҳад кард, ки нархи рекордии нафт аст. Вай аз мақомоти Саъудия хоҳад хост, бо ҳар роҳ ки бошад, нархи нафтро коҳиш диҳанд.

Аммо чунин хоҳишҳо дар гузашта беҷавоб мондаанд. Аз замони сафари ахири Буш ба Саъудия дар моҳи январ нархи нафт қариб 25 дарсади дигар боло рафт.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи 17 ва 18-и май Буш дар Миср бо бархе аз раҳбарон, монанди президенти Миср, Ҳуснӣ Муборак, Афғонистон Ҳомид Карзай ва Лубнон Фуъод Синиора мулоқот хоҳад кард. Мушовири амнияти милли Амрико, Стефан Ҳадлӣ мегӯяд, ин гуфтугӯҳо имконияти дигаре хоҳанд буд барои таъкиди дигарбора ба демократиконии Ховари Миёна.

Вале рӯзҳои охир, сахттарин даргириҳои Бейрут аз замони ҷанги шаҳрвандии Лубнон мусаллаҳони Ҳизбуллоҳро дар муқобили тарафдорони давлат қарор дод. Буш гуфт, ҳукуматаш аз давлати ҷаноби Синиора пуштибонӣ мекунад ва ба нерӯҳои он мадад хоҳад кард, то ба афроде, ки берун аз чаҳорчӯби ҳукумат амал мекунанд, посух бидиҳад. Вай афзуд, муваффақияти Лубнон барои сулҳи Ховари Миёна хеле муҳим аст ва ӯ дар сафари минтақа талошҳои пуштибонӣ аз ҳукумати Лубнонро ҳамоҳанг хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG