Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши воридот боиси афзоиши нархи орд шуд


Тасмими давлати Қазоқистон дар мавриди манъи содироти орд боиси коҳиш ёфтани мизони воридоти орду гандум ба Тоҷикистон дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ шудааст.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт, коҳиши воридот боиси бамаротиб боло рафтани нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар шуд.

Ғафурҷон Расулӣ афзуд, давлат ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи орд чанд пешниҳод, аз ҷумла, аз 20 дарсади кунунӣ ба 10 дарсад пойин бурдани фоизи боҷи гумрукӣ, афзоиши кишти ғалла дар дохили кишвар ва кишти анвоъи пурҳосилтари гандумро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG