Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Намояндагии НАНСМИТ дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар як соли ахир беш аз 80 арзу шикояти хабарнигорони расонаҳои водии Вахшро ба қайд гирифтааст.

Хабарнигорони хатлонӣ дар бештари маворид аз нақзи ҳуқуқи муаллифӣ, вуҷуди мавонеъ дар дастрасии ахбор, пардохт нашудани ҳаққи қалам ва ҳатто таҳдиду таъқиб аз сӯйи мансабдорони маҳаллӣ шикоят бурдаанд.

Аммо далели дигаре, ки ба назар аҷиб менамояд, ин аст, ки 65 дар сади додхоҳон аз Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, асосан хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ будаанд. Дилором Маҳкамова, мудири бахши Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар Хатлон, мегўяд:

«Аз мухбирони нашрияҳои ноҳиявӣ бисёр вақт шикоятҳо мерасанд, ки барои нашри матолиб дар рўзномаи маҳаллии ҳукуматӣ ба сурати катбӣ иҷоза ва мувофиқаи ҳукумати маҳаллӣ бояд дарёфт шавад. Ин, албатта, ба назари мо, як навъи сензура аст. Тибқи қавонини кишвар ҳар кас дар Тоҷикистон ҳуқуқи баёни озоди андеша ва нашри матлаб дорад…»

Дилором Маҳкамова, мудири бахши Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар Хатлон, афзуд, дар зарфи як соли ахир созмони мазкур ҳамзамон 7 мавриди содир шудани ҷиноят алайҳи фаъолияти хабарнигорони водии Вахшро мушоҳада карда, ки ин рақам барои як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд бисёр нигаронкунанда бояд арзёбӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол, журналисти мустақил Моҳшариф Қурбонзода, ки ба иддаои Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, дар соли гузашта чанд дафъа мавриди таъқибу фишори мақомот қарор гирифта буд, мегўяд, ба дурустии гузоришҳои созмони мазкур дар мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар Хатлон эътимоди комил надорад:

«Ростӣ бисёр хандаовар аст, ки аз 81 маврид дар 51 маврид журналистони расонаҳои давлатӣ ба Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шикоят бурдаанд аз нақзи ҳуқуқи худ. Хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ дар дастрасӣ ба иттилоъ ҳеҷ мушкил надоранд ва нахоҳанд дошт. Маъмулан, ҳар он чи дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ гуфта мешавад, нашрияҳо ва радиою телевизиони давлатӣ онро бидуни шарҳу тафсир пахш мекунанд ва нақши танҳо сухангўи ҳукуматро иҷро мекунанд. Аммо агар журналистони расонаҳои мустақил аз мушкилоти рўзгор ва ҷомеа ҳарф бизананд, ҳукумат фаъолияти онҳоро таҳти назорат гирифта ва гоҳе дар корашон мавонеъ эҷод мекунад…»

Моҳшариф Қурбонзода, журналисти мустақил, ҳамчунин гуфт, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар амри дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони расонаҳои ғайриҳукуматӣ кори муассире анҷом наметавонад бидиҳад.

Ва аммо ба назари таҳлилгарон, бо ин вуҷуд ки дар минтақаи Қўрғонтеппаи устони Хатлон теъдоди расонаҳои ғайриҳукуматиро ба ангуштони танҳо як даст метавон шумурд, бархурди ҳукумат бо васоити ахбори умум яксон нест. Ҳарчанд қавонини кишвар тартиби пешниҳоди хабарро ба расонаҳо муқаррар накардааст, мақомоти давлатӣ ҳама гуна иттилоъро нахуст дар ихтиёри телевизиони давлатӣ ва ожонси миллии иттилоотии «Ховар» мегузоранд.

Журналистони расонаҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ҳамчунин мегўянд, на ҳамеша онҳоро ба нишасту бархостҳо даъват мекунанд ва гоҳе ҳатто онҳоро аз дарҳо берун мекунанд.

Аммо Орзуи Карим, хабарнигоре, ки дар як замон ҳам бо телевизиони давлатии Хатлон ва низ бо радиоҳои мустақил ҳамкорӣ дорад, иқрор мекунад, ки аксари вақт мақомоти давлатӣ миёни расонаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ фарқгузорӣ мекунанд:

«Ман аз чандин рўзноманигорон метавонам мисол биёрам, ки барои дарёфти ҳатто оддитарин хабар онҳоро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ роҳ надодаанд. Шояд ҳукуматдорон аз ифшои камбудиҳо ва навоқиси кори худ меҳаронсад, ки бештар аз журналистони расонаҳои ҳукуматӣ истиқбол мекунанд…»

Ин ҳама дар ҳолест, ки 15 шаҳру ноҳияи минтақаи Қўрғонтеппа танҳо 1 телевизиони мустақил ва 1 нашрияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунад. Телевизиони «Қўрғонтеппа» ҳар шом на беш аз 4 соат барнома пахш мекунад ва он ҳам аксаран тафреҳӣ, аммо танҳонашрияи ғайриҳукуматии мавсум ба «Бомдод» наздик ба як моҳ аст, ки ба иллати камбуди молӣ рўйи чоп намеояд. Ҳамчунин тайи бештар аз як сол аст, ки радиои мустақили «Насими Вахш»-и Қўрғонтеппа наметавонад муҷаввизи пахши барномаҳоро ба даст орад.
XS
SM
MD
LG