Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш имшаб ба Исроил сафар мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш шаби сешанбе Амрикоро ба қасди Исроил тарк мекунад. Ин шояд охирин дидори Буш аз Исроил дар мақоми президентии Амрико бошад.

Қарор аст, Ҷорҷ Буш рӯзҳои 14 ва 15 май дар маросими таҷлил аз солгарди 60-уми таъсиси Исроил ширкат биварзад.

Интизор меравад, ки Ҷорҷ Буш ҳамчунин исроилиҳо ва фаластиниҳоро ба имзои созишномаи сулҳ то поёни соли ҷорӣ, яъне то анҷоми маъмурияти президентиаш ташвиқ кунад.

Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Амрико аз Арабистони Саудӣ дидан карда, сипас озими Миср мешавад. Дар Миср мулоқоти Буш бо раҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла, бо сарвазири Лубнон Фуод Синйора, дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG