Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши Толибон барои манъи ТВ Лугар


Ҷангиёни Толибон талош доранд, як шабакаи телевизионӣ дар вилояти бо Кобул ҳамҷавори Лугарро ба манъи фаъолият маҷбур кунанд. Наҷиб Манелай, намояндаи вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон гуфт, ин вазорат ҳамроҳ бо нирӯҳои амниятӣ алайҳи ин иқдоми Толибон тадобире рӯи даст гирифтаанд.

Дар замони ҳукумати Толибон дар Афғонистон телевизион, мусиқӣ ва синамо манъ шуда буд. Аммо баъд аз суқути Толибон дар поёни соли 2001 дар ин кишвар даҳҳо шабакаи телевизиониву радиоӣ рӯи кор омад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG