Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии аҳзоби Сербистон ба музокирот


Аҳзоби сиёсии Сербистон ба дунболи интихоботи парлумонии рӯзи 11 май ба музокироти байниҳизбӣ ба хотири ташкили эътилофи ҳоким омодагӣ мебинанд. Дар интихобот эътилофи аҳзоби ғарбгаро ва тарафдори президент Борис Тадич баранда шуд, вале аксарияти курсиҳои парлумонро ба даст оварда натавонист. Борис Тадич гуфт, натоиҷи интихобот ҳокии ҳимояти мардум аз ҳаракати Сербистон ба сӯи пайвастан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупост, вале таҳлилгарон мегӯянд, Тадич дар роҳи ташкили эътилофи ҳоким ба мушкилоти сахте рӯбарӯ хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, ҳизби радикали Сербистон, як ташаккули тундрави қавмгаро гуфтааст, ки низ тавони ташкили эътилофи ҳокимро дорад. Музокироти ин масъала дар Сербистон метавонад то 3 моҳ тӯл бикашад.
XS
SM
MD
LG