Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳо дар Чин болиғ аз 12 000 шуд


Мақомоти Чин мегӯянд, шумори қурбониҳои заминларзаи дирӯза дар ин кишвар болиғ аз 12 000 шуда, ҳазорон нафари дигар дар зери оворҳо боқӣ мемонанд.

Бино бар гузориши матбуоти расмии Чин, танҳо дар як шаҳри Мянянг дар вилояти Сичуан беш аз 18 500 нафар зери оворҳо мондаанд. Ва танҳо дар шаҳри Мянжуи ин вилоят дасти кам 10 000 нафар дар асари заминларза ҷон додаанд.

Матбуоти Чин мегӯяд, 1300 наҷотбахш имрӯз худро ба Венчуан, маркази заминларза расондаанд. Дар Венчуан шиддати зилзила тибқи ҷадвали Рихтер 7,9 балл буда, тайи як рӯзи гузашта бо ин маҳалли офатзада ҳеҷ навъ иртибот вуҷуд надошт ва аз ин рӯ, ҳанӯз маълум нест, ки оё дар Венчуан дар асари заминларза чанд нафар нобуд шудааст.

Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва кишварҳои дигар ба мардуми Чин изҳори таслият ва пешниҳоди кӯмак кардаанд.

XS
SM
MD
LG