Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Замонати НАТО дар мавриди сохтмони лӯлаи газ


Роберт Саймонс, фиристодаи паймони низомии НАТО дар Осиёи Марказӣ, рӯзи душанбе дар мулоқот бо раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов замонатҳои амниятии ин паймон дар мавриди эҳдоси лӯлаи газ тавассути қаламрави Афғонистонро пешниҳод кардааст.

Саймонс гуфт, нирӯҳои НАТО дар Афғонистон ба хотири таъмини хубтари амният дар масири лӯлаи газе, ки бояд то Покистону Ҳинд кашида шавад, талош хоҳанд кард.

Қарордод дар мавриди сохтмони ин лӯлаи газ, ки қобил ба ҳамли 33 миллиард метри мукааби газ дар сол хоҳад шуд, дар моҳи гузашта дар ҷараёни сафари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ба Афғонистон ба имзо расид.

XS
SM
MD
LG