Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 6 тоҷикистонӣ дар Узбакистон


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти тавзеҳ ва озод кардани 6 ҷавони тоҷик аз қайди марзбонони Узбакистон бо сафорати ин кишвар дар Душанбе вориди гуфтугӯ шудааст.

Марзбонони узбак 31 сокини навҷавони шаҳраки Адрасмони вилояти Суғдро 27-уми апрел ҳангоми сайругашт дар хатти марзи наздик ба маҳалли мазкур дастгир карда буданд ва 6 нафари онҳоро ҳанӯз озод накардаанд.
Давлаталӣ Назриев, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, ки имрӯз,13-уми май, масъулини вазорат бо сафорати Узбакистон дар Душанбе гуфтушунид доштанд ва ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки дар наздиктарин фурсат ҷониби Тоҷикистонро аз натиҷаи ҳалли ин қазия дар ҷараён хоҳад гузошт. Д. Назриев афзуд, ки вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳанӯз 7-уми май сафорати Узбакистонро дар мавриди ин ҳодиса дар ҷараён гузошта, номаи волидайни ҷавонони боздоштшударо ба онҳо супурда буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба таъйиди Содиқ Мирхолиқов, раиси шаҳри Қайроқум, мақомоти амнияти Суғд дар мавриди раҳоии ҷавонони тоҷик ба ҳамтоёни узбаки худ муроҷиъат карда буданд, аммо ҳанӯз посухе дарёфт нашудааст. Ӯ мутазаккир шуд, ки аз ин 6 боздоштшуда ду нафар мактабхон будаанд.
Дар ҳамин ҳол, шоҳидони ҳол мегӯянд, сарҳадбонони узбак онҳоро дар мавзеъи наздик ба шаҳраки Адрасмон, ки ҳеҷ гуна нишонҳои огоҳкунанда аз хатти марз надошт, дастгир намуда, ба қаламрави худ интиқол доданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки пайвандони дастгиршудаҳо ба хотири озод кардани фарзандони худ се маротиба ба шаҳри Ангрени Узбакистон сафар ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он ҷониб гуфтугӯ карда, бо тақозои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон шиносномаҳои дастгиршудагонро дар ихтиёри онҳо гузоштанд.
Дар ҳоли ҳозир ҷониби Узбакистон аз раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ меварзад. Бино бар иттилоъи як манбаъ, феълан ин боздоштгардидагони тоҷик дар шаҳри Тошканд аз ҷониби мақомоти бехатарии Узбакистон, ки онҳоро барои марзшиканӣ айбдор карданианд, мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG