Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳокимони низомии Мянмар ниҳоят рӯзи 13-уми май ба нахустин корвони кӯмакҳои башарӣ роҳ доданд, ки вориди мамлакат шавад.

Онҳо ҳамчунин ба пазириши имдодҳои бештар низ ризоият додаанд. Тағйир дар мавзеъгирии сарони хунтаи ҳарбии Мянмар баъд аз танқидҳои шадиди Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ги-мун ва президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш ба амал омад. Бан вокуниши ҳокимони ҳарбии Мянмарро ба фалокати башарие, ки тӯфони марговари "Наргис" ба миён овард, ғайри қобили қабул номид.

Дар ҳоле ки Созмони Милал аз эҳтимоли ҳалокати наздик ба 100 000 нафар ва мӯҳтоҷи оддитарин кӯмакҳо мондани якуним миллион нафар ҳарф мезанад, сарони хунтаи ҳарбӣ дар ёздаҳ рӯзи баъд аз фалокат ба вуруди имдоди байнулмилалӣ ба Мянмар мухолифат доштанд ва зарурати чунин кӯмакҳоро рад мекарданд.

Бан Ги-мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, гуфт, бемасъулиятии сарони Мянмар дар ҳоле ба амал омад, ки ҳар сония метавонист, ҳаёти садҳо нафарро наҷот диҳад: "Ин як лаҳзаи ҳалкунандааст. Агар кӯмакҳои бештаре ҳарчи зудтар ба кишвар ворид нагардад, мо бо шуюъи бемориҳои вогир рӯбарӯ хоҳем шуд, ки бӯҳрони феълиро шадидтар хоҳад кард. Биноъан бо сахттарин вожаҳо аз ҳукумати Мянмар даъват мекунам, ҳаёти одамонро дар сафи аввал бигузорад. Барои пешгирӣ аз ҷиддитар шудани фалокат он бояд ҳама корро бикунад."

Ҳамзамон бо Бан, президенти Амрико Буш низ аз бархӯрди ҳукумати ҳарбии Мянмар бо кишварҳои кӯмакрасон интиқод кард ва онро "худбину бераҳм" номид.

Хабаргузориҳо мегӯянд, Мянмар ба пазириши кӯмакҳои хориҷй интихобӣ муносибат мекунад ва талош дорад, гурӯҳҳои имдодрасону наҷотдиҳандагонро ба кишвар роҳ надиҳад. Аммо созмонҳои кӯмакрасон мегӯянд, танҳо мутахассисоне, ки дар чунин фалокатҳо таҷриба андӯхтаанд, метавонанд, ба офатзадагон мадад кунанд.

Ҳокимони низомии Мянмар ҳарос доранд, вуруди хориҷиён назорати комили онҳоро ба мамлакате, ки бахши умдаи аҳолияш аз ҳукумати ҳарбӣ норозист, заъфи хоҳад кард. Ҳукумате, ки расонаҳои хабарии кишварро дар қабзаи худ гирифтааст, ба журналистони хориҷӣ низ имкон намедиҳад, аз воқеъияти пайомадҳои тӯфон гузориш диҳанд.
XS
SM
MD
LG